Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи май то сентябри соли 2021 дар сар то сари ҷумҳуриамон озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” байни хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад. Даври аввали озмун дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз моҳи май то моҳи июн гузаронида шуда, даври дуюми он аз то 16 июли соли 2021 дар толори машваратии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Тиллоев, Гулафзо Розиқова - мутахассиси пешбари раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Абдураҳим Одинаев - мудири бахши Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Дар озмун 16 нафар хонандагони фаъоли китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Гулсуман Ғаниева (аз китобхонаи марказии ноҳияи Восеъ) сазовори ҷойи якум;
Резамоҳ Назарова сазовори ҷойи дуюм (аз китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Рухшона Нуралиева аз китобхонаи марказии ноҳияи Данғара ба даври ҷумҳуриявии озмун сазовори роҳҳат гардиданд.
Рустам ОБИДЗОДА,
директори Китобхонаи
оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ
дар шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр