Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ меафзояд

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика-математика, профессор Хоҷазода Тоҳир Абдулло оид ба фаъолияти муассисаи олии таълимӣ маълумот дод. Номбурда қайд кард, ки ҷиҳати татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» факултаи илмҳои табиӣ таъсис дода шудааст. Дар факулта се кафедра: химия-биология, математика-физика ва иттилоот-технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти пурбор доранд. Ҳамчунин, дар доираи амалисозии ҳадафҳои «Бистсола…» лабораторияи биофизикӣ барои таҳлили спектралӣ ташкил шудааст. Дар ин ташхисгоҳ донишҷӯён на танҳо супоришҳои ҳаррӯзаи устодонро иҷро мекунанд, балки бо аспирантону устодон таҳқиқоти алоҳидаи худро анҷом дода, аз навгонию дастовардҳои имрӯзаи биофизика пурра огоҳ мешаванд.

Дар ҳудуди дараи Ромит дар майдони 1 гектар биноҳои махсус бунёд гардида истодааст, ки  минбаъд ба донишҷӯёни факултаи илмҳои табиӣ ҳамчун пойгоҳи амалӣ ҷиҳати анҷоми корҳои таҷрибавӣ хидмат мекунад. 

Дар факултаи иқтисод ва менеҷмент кафедраи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ фаъолияти густурда дорад. Ният дорем, ки бо дастгирии ташкилоти туркии Tika Dushanbe дар донишгоҳ «Мактаби роҳбаладон»-ро таъсис диҳем.   

Фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ низ хеле пурбор буда, дар баланд бардоштани сатҳи илмомӯзии донишҷӯён саҳми мондагор дорад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикӣ-русии №14 яке аз сохторҳои муҳими Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба шумор рафта, таҳсил дар ин муассиса ройгон аст. Аз соли 2018 бунёди биноҳои нави таълимии мактаб бо фарогирии 1200 хонанда оғоз гардида буд. Алҳол сохтмони биноҳои нав  ба анҷом расидааст ва дар оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар мактаби мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шуда, тамоми синфхонаҳо бо асбобу анҷоми муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.  Дар  бахши пурсишу посухи нишаст ректор ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ба суолҳои хабарнигори нашрияи «Омӯзгор» оид бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ ва иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои дохил ва хориҷ аз кишвар гуфта шуд, ки донишгоҳро ҳар сол беш аз 1200 нафар хатм менамоянд. Донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ-филологӣ, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, сад дар сад бо ҷои кор таъмин мегарданд. Донишгоҳ бо беш аз 112 муассисаву коргоҳҳои ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, донишомӯзон ба онҳо ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд. Донишҷӯёни муассиса пайваста дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд.

                                                                                               

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш