Сардори филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб А. Бобоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод: - Дар нимсолаи соли 2021 вазъи иҷрои корҳои сохтмониву васлгарӣ беҳтар гардида, дар соҳаи маориф бунёди 10 иншоот бо маблағи 19340,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 ба иншооти сохташаванда 17 700,0 сомонӣ барои сохтмони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ҷудо шудааст, ки аз ин ба маблағи 11 848 сомонӣ корҳои сохтмони то моҳи июни соли ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, барои сохтмони муассисаи таълимии деҳаи Офтоблиқо 7 695,0 сомонӣ, муассисаи таълимии деҳаи Сангпари ноҳияи Кӯлоб 3 000,0 сомонӣ, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5- и ноҳияи Фархор 905,0 сомонӣ, муассисаи таълимии №10-и ноҳияи Ш. Шоҳин 1600,0 сомонӣ, барои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Фархор 1 500,0 сомонӣ ва барои сохтмони бинои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон 3000,0 сомонӣ масраф гардидааст.
Боиси хурсандист, ки дар арафаи ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони мактаб дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб, ки дуошёна буда, аз 6 бинои алоҳида иборат мебошад ва барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда буд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр