Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти М. Имомзода бо Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

 

12 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм бо Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ – раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Федералии Аморати Муттаҳидаи Араб, роҳбари Маркази байналмилалии зидди террористии “Ҳедая” баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва ҳайати ҳамроҳикунандаи ҷониби дигар ширкат доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризми хушунатомез дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо боқӣ монда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа вобаста буда, ҳушёриву зиракии сиёсиро тақозо менамояд.

Вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода оид ба корҳои анҷомдодашуда ва иқдомҳои пешгирифтаи вазорат дар ин самт иттилоъ дода, доир ба роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ҷиҳати пешгирии ин омилҳои номатлуб пешниҳоди судманд намуд.

Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ ба иқдом ва пешниҳодҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм дар солҳои охир баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳарду кишвар даъват намуд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар доираи ҷаласаҳои Комиссияи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Аз рӯйи барномаҳои мубодилавӣ, айни ҳол зиёда аз 20 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Аморат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бахтовар Сафаров

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш