20 июл қалби Самариддин Каримов — собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (11 сол), доктори илмҳои кимиё (1968) , профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2000), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1992), академики филиали Академияи муҳандисии байналмилалии Федератсияи Россия (1994), узви пайвастаи Академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000) аз тапидан боз монд.
Самариддин Каримов омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1957 бо дипломи аъло хатм менамояд ва ҳамон сол ба шуъбаи физикаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Бо дархости роҳбарияти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба шуъбаи математика ва физика ба кор қабул мегардад. Баъдтар ин шуъба ба ду Институти мустақил - Институти физика ва техникаи ба номи С. Умаров ва Институти математика ҷудо мешавад. Соли 1964 бо ташаббуси академик С. Умаров як зумра олимони шинохтаи соҳавии ИҶШС, аз қабили В. М. Глазов, В. Н. Вигдорович, Е. Б. Соколов, А. С. Пашинкин, А. А. Айвазов барои суҳбат, машварат, ҳамкорӣ, тарбияи олимони ҷавон ба Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ташриф оварданд. С. Каримов соли 1964 ба аспирантураи кафедраи физикаи кимиёвӣ МИСИС (Институти пӯлод ва хӯлаи Москва) дохил шуд. Соли 1968 рисолаи худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика дифоъ намуд. Ҳамон сол ба Душанбе баргашт ва дар Институти физика ва техникаи Академияи илмҳо ба кор шурӯъ кард. Ӯ соли 1977 аввалин шуда, ба ҳайси ходими калони илмӣ барои ба итмом расонидани рисолаи докторӣ ба Донишкадаи техникаи электронии шаҳри Маскав (МИЭТ) фиристода мешавад. Дар давоми кор ва таҳсил дар докторантура дар 50 симпозиуму конфронси байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Мавсуф соли 1987 аз рӯйи ихтисоси «Физикаи химиявӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. С. Каримов баъди ҳимояи рисолаи докторӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт ва дар вазифаҳои гуногун: декани факултаи физика, мудири кафедра кор карда, августи соли 1989 аз нав муовини ректор оид ба таълим, моҳи ноябри соли 1993 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъйин гардид. Моҳи декабри соли 2004 бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректорӣ озод шуда, мудири кафедра ва аз моҳи январи соли 2013 дар вазифаи профессори кафедраи физикаи умумӣ фаъолият дошт.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр