Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик, 24-уми июл, дар 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Саидалӣ Маъмур соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи Истаравшан ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст. Шоир дар «Радиои тоҷик», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
«Заврақи умед», «Савганд», «Солгиреҳ», «Гарди Офтоб» ва «Овои мурғи шабовез» аз маҷмӯаи ашъори ӯянд. Саидалӣ Маъмур барои бачагон низ шеър мегуфт ва маҷмӯаи офаридаҳояш барои кӯдакон бо номи «Сӯзанак», «Навоҳои Гулдара», «Карчи харбуза», «Анӯшаҷони ҷони мо», «Алвончак» ба дасти хонандагон расидааст.
Асарҳои шоир, ҳамчунин, ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти Эрону Афғонистон бознашр шудаанд. Мавсуф Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Фиғони сукут аз паси тобути дӯсти шоирам Саидалӣ Маъмур
Тамоми рӯзгори ту сукути гиря буду лолии фиғон,
Вале фариштаи сухан намонд бандагӣ кунӣ.
Барои зиндагонӣ омадӣ, дареғ, дӯстам,
Фалак нахост, аҷал намонд, зиндагӣ кунӣ !...
Бо фиғони ниҳон Гулрухсор
Сӯзу сози шоир
Барои Саидалӣ Маъмур
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!
Мирзо Турсунзода
Шоире, к-аз сӯхтан дорад хабар,
Кай кунад аз оташи сӯзон ҳазар?!
Не ҳаросе з-он ки месӯзад тамом,
Баски мерезад дилу ҷонаш шарар.
Сӯзи ӯ созандагӣ орад ба бор,
Оташ аст ин, ё надонам, шеъри тар?
Мисраҳои шеъри ӯ донӣ, ки чист?
Шуълаҳои қалби сӯзони падар.
Сӯзад ӯ андар ғами ёрони худ
Бо вуҷудаш, бо дилу ҷону ҷигар.
Зиндагияш мактаби мардонагист,
Сӯхтан худро, раҳо кардан – дигар.
Даргузашта аз ғами худ, мекунад
Бо дили дарё ғами дунё ба бар.
Сӯзҳояш аз ғами як фард нест,
Мекашад бори ғами аҳли башар.
Дарди инсонҳо варо пайванд кард
Бо ғами ин олами бедодгар.
Рози ӯ аз рӯйи хандонаш маҷӯ,
Бар шиканҷу ранҷи пинҳонаш нигар.
Чашми дил равшантар аз чашми сараш,
Сӯзаду созад ҷаҳоне пургуҳар.
Баски ғамҳои ҷаҳон беинтиҳост,
Ҷовидон монад, чу ӯ ғамро падар.
Азим Байзоев
Иловакунӣ
Иловакунии фикр