Нашрияи Омӯзгор

Асабоният

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

 

Асабоният ҳолатест, ки дар он шароит ва талаботи ғайримуқаррарӣ аз инсон аксуламал ё амали ҷавобиро талаб менамояд. Он метавонад ба таассуроти манфӣ оварда расонад ва ё ба хушии ботинӣ, қабули дурусти ҳодисаву воқеаҳо, рафтор ва тарзи тафаккури инсон, муносибат бо атрофиён, қобилияти ҳалли муаммоҳо ва саломатӣ  мусоидат намояд, Ҳангоми ба асабоният аксуламал нишон додан, дарки воқеият дигаргун мегардад. Сабабҳое,  ки ба дигаргун гаштани дарки воқеият ва тағйир ёфтани рафтору кирдор оварда мерасонанд, омилҳои асабоният номида мешаванд.

Чаро асабонӣ мешавем? Асабоният чист, решаи он дар куҷост ва беҳтарин вокуниш дар баробари он кадом аст? Инҳо суолҳоеанд, ки доиман барои мо ва атрофиёнамон  вақте асабонӣ мешавем, пайдо мегарданд. Иртибот омили муҳиме дар зиндагӣ аст, ки моро ба дигарон пайванд медиҳад ё аз дигарон ҷудо мекунад. 

Вақте аз чизе хушамон намеояд, асабонӣ мешавем ва бад-ин васила нохушнудии худро иброз мекунем. Эҳсоси норизоиятӣ дар мо моро водор мекунад, амалеро анҷом дихем, ки он амал метавонад манфӣ ё мусбат бошад.

Асабоният  аз ҷумла, ҳолатҳое аст, ки ҳар фарде  метавонад ба он мубтало шавад. Чӣ гуна метавонем аз асабоният дурӣ ҷӯем ва чӣ гуна метавонем худро ором намоем? Ин, пеш аз ҳама, ба худи шахс вобаста аст.

Асабоният бахши табиие аз ҳолатҳои инсон аст, ки идора кардани он на ҳамеша осон аст. Тарзи бархӯрд, муқовимат ва рафъ кардани асабоният дар ҳамаи инсонҳо якранг нест. Баъзеҳо  асабонияти худро пинҳон мекунанд, Қисми дигар онро бо хашму ғазаб берун мекунанд, яъне бо доду фарёд кардан болои касе ба қавле «оташи дили худро паст мекунанд», аммо фикр намекунанд, ки ин амали онҳо нафар (ё нафарон) -и дигареро асабонӣ мегардонад. Як қисми дигар (ғолибан варзишгарон) бо задани халтаи варзишӣ (мешок, груша) асабонияти худро фурӯ менишонанд. Барои қисми дигар асабоният як ҳолати музмин ва сахт аст, ки одати хашм ва асабоният ба таври  бардавом зуҳур мекунад. Масалан, касе онҳоро дашном диҳад ва ё бо роҳбар суҳбати ногувор сурат гирифта бошад, вале аз он соатҳо гузашта бошад ҳам, он суханон гӯё дар гӯши онҳо садо медиҳанд ва ҳолати асабониашонро тӯлонӣ мегардонад, ки ин, албатта, ба саломатӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Дар  хотир дошта бошед, ки асабоният боиси тарси навъе аз ҳисси ноумедӣ мешавад, бархе аз равишҳо ё аҳдофи муҳим мавриди ҳамла қарор мегиранд. Шояд дӯст надошта бошед, ба эҳсосоти осебдида ва тарси худ эътироф  кунед, зеро фикр мекунед, ин эътироф нишонаи заъфи шумост. Вале ин эҳсосот ба шумо кумак хоҳад кард, арзишҳо ва аҳдоферо бишносед, ки мавриди ҳамла ва таҳдид қарор гирифтаанд.

Огоҳ бошед, ки дар чи мавқеиятҳое идора намудани худро аз даст медиҳед ва асабонӣ мешавед. Вақте фаҳмидед, ки чӣ чиз сарчашмаи асабонияти шумо мешавад, роҳҳои дурӣ аз онро биҷӯед.

 Ба ҷои он ки асабонӣ бошед, саъй кунед, хушҳол бошед «Асабонияти ман беш аз он ки ба ту осеб бирасонад, барои худи ман зараррасонанда аст». Ба ёд дошта бошед: Ҳангоми асабоният бо ҳарфҳо ва корҳои нодуруст дигаронро нороҳат накунед!

Муҳайё Мавлонова,

омӯзгори коллеҷи тиббии

ноҳияи    Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш