Нашрияи Омӯзгор

Сафҳае аз таърихи романи «Восеъ»

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 883        Шарҳ: 0

 

 

Устод Сотим Улуғзода адиби бузурги худшинос, худогоҳ, оқил, андешаманду боҷасорат, саррофи сухан, ливобардори фарҳангу таърих ва дӯстдору вафодори Ватан буд.

“Барои эҷод намудани ҳар як асараш устод Улуғзода тайёрии хуб медид, тадқиқоти чуқур мегузаронид. Барои ин дар навбати худ бо мардуми одӣ вохӯрданро дӯст медошт. Вақте ки барои навиштани романи “Восеъ”-аш  тайёрӣ медид, ба ноҳияи Восеъ, ки он ҷо ман вазифаи котиби аввали комитети ҳизбро ба зимма доштам, рафтуо дошт,- менависад Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, арбоби давлативу ҷамъиятӣ Мирзо Бобоев. - Дар як суҳбат ба ман ва Алмурод Қараев, ки раиси комиҷроия буд, устод Улуғзода изҳор дошт, ки ман қарзи ватандориамро иҷро карда, мехоҳам дар бораи Восеъ, дар бораи қаҳрамонию корнамоиҳои ӯ китобе нависам.

Чи тавре ки эътироф шудааст, “Восеъ” дар эҷодиёти устод мақоми аввалро соҳиб аст. Дар ин асари Улуғзода қаҳрамонии миллат, даъват барои озодӣ аз зулму ҷабри амирони манғит нишон дода шудааст. Дар вақти сафарҳояш ба ноҳияи Восеъ дар Балҷувону Ховалинг, ки он ҷойҳо ба ҳудуди ноҳияи Восеъ дохил буданд, бо баъзе авлодҳои Восеъ, ҳамдиёрони ӯ вохӯрию суҳбатҳо дошт... “(Мирзо Бобоев. “Асрори кору рӯзгори устод.  Хотирае чанд аз Сотим Улуғзода”, “Ҷумҳурият”, 13 январи соли 2004)...                                                 

Соли 1961 буд. Устод Сотим Улуғзода бо мақсади навиштани романи “Восеъ” ба Ховалинг омад. Дар чойхонаи назди бозори Ховалинг рӯи катчаи чӯбине 3-4 нафар пирон ва мардони зиёинамо нишаста чой менӯшиданд. Нависанда назди онҳо рафта, баъди салому алек ва ҳолу авҳолпурсӣ дар рафти суҳбат асрори дилашро иброз дошт. Ӯ гуфт, ки бо мақсади омӯзиш, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии аснод, нақлу ривоятҳо оид ба шӯриши Восеъ омадааст ва мехоҳад, ки асаре таълиф намояд.

Суҳбат дар атрофи Восеъ ва шӯриши халқ бо сарвари ӯ, инчунин, оид ба шахсони донишманду фарҳангсолори гузашта ва онрӯзаи Ховалинг хеле гарму самимӣ ва хотирмон идома ёфт.

-Бобои Бузург таърихи зинда аст.  Ӯ шӯриши Восеъро чун панҷ панҷааш медонад, - гуфт дар суҳбат яке аз ҳозирон. – Вай беш аз сад сол умр дорад.

-Хонааш дар куҷост? – пурсид меҳмон.

 -Дар гузари Сари Мазор, – овоз бароварданд ҳозирин. – Дар шафати ҳамин бозор.

-Кӣ роҳбалад мешавад? – боз пурсид ӯ.

-Мо, хамаамон,   якҷо меравем,- иброз доштанд ҳамсуҳбатон.

Бобои Бузург зери чормағзи калони сершоху барг – дастниҳоли падариаш дар гӯшаи суфрае нишаста, ба китобхонӣ машғул буд. Чун меҳмонро дида, овозашонро шунид, даррав китобро зери болишти наздаш гузошта, омодаи қабули онҳо гашт.

 Баъди вохӯриву ҳолпурсӣ ва шиносоӣ Сотим Улуғзода мақсадашро баён кард.

-Мехоҳам саргузашти Восеъ ва ҳаммаслаку ҳамтақдиронашонро мукаммал нависам, - гуфт нависанда.

- Кори нек аст. Восеъ барои зулми золимон ба халқи заҳматкаш ва бадбахтиҳои ҳамдиёронаш ба мубориза хеста, ҷонашро қурбон кард, шаҳиди аъло шуд,  - гӯён суҳбаташро идома дод Бобои Бузург ва дуои хайре намуда, ду дасти муборак ба рӯ баркашид. Суҳбат гирди хони пурнозу неъмат оғоз гардид.

 -Восеъро дида будед, бобо? – гуфт Улуғзода

- Ҳо, вақте ки Восеъ қиём кард, ман 35- сола, зандору фарзанддор будам. Ӯро доимо, ана дар ҳамин бозори дидагиат медидам. Рӯғани зағир, кунҷора ва дигар маҳсулот мефурӯхт.

Марди тануманди паҳлавонҷуссаи ҷасур буд. Аз ӯ доруғаву амлокдору садри бозор ҳарос доштанд. Пуштибони халқ, вориси мардум буд худораҳматӣ.

 -Шӯриши Восеъро боз киҳо ёд доранд? – ҳамчунон пурсид меҳмон.

-Бобои Мираки Калағракӣ аз Мазори Ҳазрати Султон, бобои Иброҳим Маҷнунзодаи Саримазорӣ ва дигарон.

Сотим Улуғзода , ҳар он чизе, ки барои навиштани романи “Восеъ” зарур дошт, аз пири хирад, шоҳиди шӯриш - Бобои Бузург навишта гирифт, бахусус, зиндагиномаи Восеъ ва ҳаммаслакону ҳамзамонони ӯ, ҳаёти пуршӯри мардуми диёр, истисмори золимон ба мазлумон, зулму тааддии ҳокимони манғит андозҳои зиёди миёншикан, поймолкунии ҳуқуқи мардум аз тарафи ҳокимони маҳалии манғитӣ ва ҳаммаслакони онҳо Абдулқаюми амлокдори Ховалинг, Абдураҳмони садри бозор, Ҷобири доруға ва дигарон, ривоҷи илму адабу фарҳанг - равшангарони ин ҷода, ҷасоратмандии мардони диёр ва дигар паҳлуҳои ҳаёти замони шӯриши Восеъ ва солҳои баъди он барояш фаҳмо гашт.

Пурратар фаҳмид, ки Восеъ барои нангу номуси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ғурури пуртуғёни қалб ва ҳувияти миллиаш чӣ ҷонбозиҳое кардааст.

  Дар зери чормағзи Бобои Бузург шӯриши Восеъ, ки хусусияти миллӣ - озодихоҳӣ дошт, аз нигоҳи ин пири хирад тарҳи китобӣ ёфт. Нависандаи соҳибзавқ аз забони Бобои Бузург фаҳмид, ки  яке аз роҳбаладонаш –Ҳабибуллои ҷавон писари ҳамсояи девордармиёни хатмкардаи мадрасаи Мири Араби Бухоро, шогирди Мулло Бурҳони Бисмил – домулло Файзулло аст. Домулло Файзуллое, ки солҳои таҳсилоташ дар мадрасаи Мири Араб як узви хонадони мулло Бурҳони Бисмил буду ҳар сари чанд вақт пас бо дӯстони Бисмил – мулло Назруллои Лутфии Саҳҳоф, Раҳмати сартарош, Зуфунун, Яҳёхоҷа, Гулшании Ҳомид, Таҳсил, Бӯстонӣ ва дигарон вохӯрда, аз суҳбати онҳо ғизои маънавӣ мегирифт.

Устод Сотим Улуғзода аз нақлу суҳбатҳои Бобои Бузург фаҳмид, ки гузаштагони ин авлод то ба Ҳабибуллои ҷавон соҳибистеъдоду донишманд ва дӯстдори аҳли адабу фарҳанг мебошад.

Воқеан, Ҳабибулло (1945-1980) бо дуои Бобои Бузург ва дастгириву сарпарастии устод  Сотим Улуғзода хонд, илму дониши олӣ гирифт, шоир шуда, дар 22- солагӣ, аз курсии донишҷӯӣ ба аъзогии Иттифоқи нависандагон қабул шуда, дар адабиёти тоҷик нақши босазо гузошт. Ӯ ҳамагӣ 35 сол умр дид, аммо умри бобаракати абадӣ...

Бобои Бузург шахси одӣ ва содаи бесавод набуд. Ӯ донишманд, босавод, нексиришт, таърихдону адабсолор, мударрис ва табиби номӣ буд.

Ӯ соли 1853 дар гузари Сари Мазори шаҳраки Ховалинг, дар оилаи шахси намоён, мударриси мадраса, хатмкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро- эшони Бузург, ки ин лақабро аз рӯи бузургиаш халқ ба ӯ дода буд, ба дунё омад. Падар ба писараш Абдулазиз ном монд. Абдулазиз назди падари донишманд ва дар мадрасаи Мобайни ин гӯшаи адабу фарҳангзо таълим гирифт, хонд, яке аз мадрасаҳои Бухороро хатм намуда, ба камол расид.

Ба диёраш баргашта, дар мадрасаи Мобайн мударрисӣ ихтиёр намуд. Ба табибию табобати беморон шуғл варзид, ҳар сол дар вақтҳои муайян (40 сол) дар мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ чилланишинӣ мекарду меомӯхту меомӯхт.

Барои ҳамин мардум Абдулазизро дигар на бо номи худ, балки бо тахаллуси ифтихории падараш (Эшони Бузург)- Бузург ном мебурданд. Чун ба пирӣ расид, халқ вайро “Бобои Бузург” ном мегирифт.

Бобои Бузург шоҳиди бисёр воқеаву ҳодисаҳост. Ӯ шоҳиди ҳукуматдории охирин ҳокими Хатлонзамин Сарахон (соли ҳукмрониаш 1854-1870), шӯриши Восеъ (1888), инқилоби Бухоро (1920), барқароркунии ҳокимияти Шӯроҳо дар

Бухорои Шарқӣ ва бисёр ҳодисаву воқеаҳои дигар аст. Вай ҳангоми сар задани Шӯриш Восеъ 35-сола,  инқилоби Бухоро 67- сола буд. Дар солҳои пуршӯри сохти Шӯравӣ ба ҳеҷ куҷо нагурехт, муқобилият нишон надод, тарғиботи зидди болшевикӣ низ набурд.

Навиштаҳояшро ба касе нишон намедод. Худашро содаву одӣ нишон медод. Агарчи 40 сол дар мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ гӯшанишинӣ карда, мудом мехонду менавишт, то имрӯз чизе ба дасти мо наомадааст. Аммо девони бародараш- эшони Файз (Абдулфайз), ки бо тахаллуси Алам ва ё Аламӣ шеъру ғазал эҷод мекардааст, аз деҳаи Деҳбози ноҳияи Муъминобод ёфт шуда, бо ибтикори марди комилу фозил, шарқшинос Барот Латиф тавассути нашриёти “Адиб” соли 2009 ба табъ расид.

Ба мо дар хонааш, ки ҳоло писараш бобои Сангмуҳаммад ва набераву абераҳояш зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, ки солҳои дар қайди ҳаёт будани Бобои Бузург чандин бор аз шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе донишҷӯёну устодон омада, аз эҷодиёт ва нақлу суҳбатҳои ӯро навишта бурда буданд. Ӯ соли 1965 дар зодгоҳаш дар 112- солагӣ аз дунё даргузашт.

Давомдиҳандаи чароғи хонадони Бобои Бузург писараш бобои Сангмуҳаммад буда, ӯ соли 1922 таваллуд шудааст, вале дар пиронсолӣ нобино шуда буд...

Бобои Бузург кайҳо дар қайди ҳаёт нест. Лек тавассути нақлҳои кардаи ӯ ва заҳмати устод Сотим Улуғзода шӯриши Восеъ китобат шуда, мардуми Тоҷикистон ва берун аз он аз ҳаракати озодихоҳонаи мардуми одӣ бо сарварии Восеъ,  ки дар роҳи адолатхоҳӣ ҷон нисор кард, огаҳӣ пайдо карданд.      

Амир Сайиди Мункӣ,

адиб ва рӯзноманигор,

ноҳияи Ховалинг 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш