Нашрияи Омӯзгор

Пажӯҳиши муҳим доир ба номвожаҳои ҷуғрофӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

 

«Андар масоили ҷойномҳо». - Хуҷанд: Анис, 2020. - 280 саҳ.

Ҳарчанд олимон Шомуҳаммад Ҳайдариро ҳамчун мутахассиси варзидаи бахши антропонимика мешиносанд ва воқеан ҳам, дар ин ҷода пажӯҳишҳои мондагор ба субут расонида, вале омӯзишу тадқиқи топонимика яке аз масоили меҳварӣ дар фаъолияти илмии ӯ аз ибтидо то ба имрӯз мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти номвожаҳои ҷуғрофӣ барои саргузашти забону таърихи миллат дар солҳои охир ҷойномҳо ва тақдири онҳо диққати Шоҳмуҳаммад Ҳайдариро беш аз пеш ба худ ҷалб намуд ва дар ин замина мақолаҳои мутааддид ва рисолаҳои муҳиму мондагорро ба нашр расонид, ки ҳар кадоме аз онҳо барои ҳаллу фасли масъалаи мазкур саҳми босазое гузоштаанд ва китоби «Андар масоили ҷойномҳо» аз ҳамин шумор аст.

Китоби мазкур аз пешгуфтор ва шаш бахш тарҳрезӣ гардидааст.

Дар пешгуфтор, ки бо сухани номшиноси шинохта, профессор Шамсуллоҳи Исмоил оғоз мепазирад, масоили аҳамияти омӯзиши ономастика барои таърихи забону миллат, нақши муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дар тадқиқи номшиносии эронӣ, дараҷаи омӯзишу баррасии масъалаи мазкур, таҳлили иҷмолии пажӯҳишҳои дар ин самт баанҷомрасида, таърихи мухтасари ономастика ва рушду тавсеаи ин қисмати забоншиносии тоҷик дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Дар бахши якум, ки «Номи деҳаҳо – ойконимҳо» ном дорад, ҳаждаҳ мақола оварда шудааст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо маъниву сайри таърихӣ ё этимологияи топоним ба таври дақиқу равшан нишон дода шудааст. Аз ҷумла, мақолаи нахустин перомуни сайри таърихии номвожаи ҷуғрофии Ашт баҳс мекунад, ки дар он андешаҳои муаллиф дорои бунёди қавии илмӣ буда, дар натиҷаи омӯзиши қиёсӣ ва арзёбии сарчашмаҳои муҳим ба вуҷуд омадаанд. Ҳамчунин дар ин фасл чанд мақолаи дигар доир ба топоними Пунғаз ва ойконимҳои ҷамоати ҳамноми он дарҷ гардидаанд.

Қисмати дувуми китоб фарогири мақолоте мебошад, ки доир ба номи кӯҳдоманҳо – оронимҳо баҳс мекунанд ва шумораашон ҳашт адад мебошад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки барои ҳамаҷиҳата омӯхтани забону фарҳанг, урфу одат ва умуман, тамаддуни миллатҳо, таҳқиқу пажӯҳиши муҳити таърихӣ ва предмету объектҳое, ки ба он алоқамандӣ дорад, ба мақсад мувофиқ аст. Аз ҷумла, оронимҳо ба таърихи халқҳо алоқаи қавӣ дошта, аз ҷиҳати забониву таърихӣ омӯхтани онҳо метавонад баъзе саҳифаҳои норавшани таърихи миллатро равшан намояд. Зеро номи кӯҳсореро метавон зикр намуд, ки мавқеи онҳо дар радифи шаҳрҳо, мавзеву манотиқи муҳим тазаккур ёфтааст. Чунончи, Албурз, Бесутун, Марва, Сафо ва монанди инҳо. Дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон номҳои бисёре аз кӯҳҳоро дучор омадан мумкин аст, ки аллакай дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ мундариҷ гардидаанд.

«Ономастика дар таълим-гоҳҳо ва донишномаҳо» унвони бахши сеюми рисолаи мавриди назар буда, фарогири се мақола мебошад. Махсусан, мақолаи «Роҳу усулҳои ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷамъоварӣ ва таҳлилу тадқиқи маводи номшиносӣ» (саҳ. 176) дорои аҳамияти илмиву тавсиявӣ мебошад. Дар ин мақола тазаккур дода шудааст, ки ономастика як қисмати вежаи лексикаи ҳар забонро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, зарур аст, ки он мисли улуми дигари ҷамъиятӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва макотиби миёнаву омӯзишгоҳҳо ба ҳайси курси махсус таълим дода шавад. «Зеро аксари фанҳои таълимӣ, - менависад ӯ, - монанди забони модарӣ, забони русӣ ва хориҷӣ, адабиёт, геогафия, таърих, ҷамъиятшиносӣ ва астрономия маводи фаровони ономастикиро фаро гирифтаанд.

Дар бахши чоруми китоби мазкур мақолаҳое фароҳам шудаанд, ки бо забони русӣ таълиф гардидаанд ва шумораашон ҳашт адад мебошад. Мақолоти ин бахшро аз рӯи замону макони таълиф ба ду гурӯҳ тасниф намудан ба мақсад созгор аст: якум мақолоте, ки замони маъмурият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълиф шудаанд, ё маводашон дар он солҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, «Географический термин «бандар» в топонимии Афганистана» (саҳ. 179) ва «Этнонимы и топонимы в антротопонимии таджиков Средней Азии и Афганистана» (саҳ. 179).

Дувум, мақолаҳое, ки вақти буду боши Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ дар Русия, махсусан, дар шаҳри Перм навишта шудаанд. Ба ин гурӯҳ метавон мақолаҳои «Ирано- пермяцкие топонимическеи параллели» (саҳ. 182), «Путешествие к истоком древних языков» (саҳ. 191), «О чём свидетелствует слово «горт» (саҳ. 193) ва «Кунгур и Кундуз. Есть ли общее» (саҳ. 194).

Бахши панҷуми рисолаи «Андар масоили ҷойномҳо»-ро мақолоте ташкил медиҳад, ки муаллиф онҳоро ҳамчун тақриз ба китобҳои номносӣ таълиф намудааст. Аз ин қисмат, ки аз панҷ мақола иборат аст, тақризҳо ба асари номшиноси Ӯзбекистон Суян Қароев, маҷмӯи мақолаҳои «Ономастикаи Осиёи Миёна» (1978), «Переспективы разивития славиянской ономастики» (1980), «Ономастикаи Шарқ» (1980) ва «Ономастикаи Ӯзбекистон» (1989) мебошанд.

Мусаллам аст, ки мавриди арзёбӣ қарор додани ин ё он асар кори саҳл набуда, аз шахс донишу малака ва маҳорату таҷриба ва ҷаҳонбинии пурвусъати илмиро талаб менамояд.

Чун мо тақризи ӯро доир ба рисолаи номшиноси ӯзбек Суян Қароев аз назар мегузаронем, гуфтаҳои боло тасдиқи худро дармеёбанд.

Бахши шашуми рисола мақолотеро фарогир аст, ки Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ доир ба номи колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ, умуман, Ашт махсусан, таълиф намудааст. Номи колхозу совхоз ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар ономастика бо истилоҳои ктематоним ёд мешаванд, дар забони тоҷикӣ таърихи чандон тӯлонӣ надошта, асосан дар замони шӯравӣ арзи ҳастӣ кардаанд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ бошанд, маҳсули замони истиқлол мебошанд ва дар аксар деҳот бо маҳалли ҷойгиршавияшон ҳамном ҳастанд. Ба ҳар ҳол омӯзишу тадқиқи ктематонимҳо аз манфиат холӣ нест, зеро аксаран номи онҳо бо вожаҳое ифода шудаанд, ки баландмазмун ва зебову хушобуранг мебошанд.

Хулоса, рисолаи «Андар масоили ҷойномҳо» фарогири қариб панҷоҳ адад мақолаҳое мебошад, ки Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ дар замону макони мухталиф таълиф кардааст ва ҳар кадоме арзиши волои илмиву амалиро молик мебошанд.

 

Толиб ВАҲҲОБОВ,

профессори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

Абдуманнон ОДИНАЕВ,

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии донишгоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш