Нашрияи Омӯзгор

Вақт ва инсон

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

Амаки Муҳаммад ба синни нафақа расидааст. Ӯ марди гандумгуни миёнақад ва газгӯшт буда, мӯйи сараш қариб пурра сафед шудааст. Ин лаҳза ӯ дар канори ҷӯйи калоне, ки аз шафати яке аз кӯчаҳо мегузашт, рост меистод ва нигоҳаш ба тӯдаи нон, ки дар канори ҷӯй мехобид, дӯхта шуда буд.  Касе пораҳои нонро аз об дошта гирифтаасту аз чӣ бошад, ки ҳамон ҷо гузоштааст. Маълум аст, ки имрӯз замони сериву пурист ва ягон нафар аз норасоии нон шикоят надорад. Лекин, наход, нафаре ёфт нашавад,ки ҳамин нонпораҳоро ақалан ба чорпояш бурда диҳад? Аз наззораи ин манзара  мурғи хаёли ӯ ба гузаштаи дур парвоз кард.

Аввалҳои солҳои панҷоҳуми садаи бист буд. Он вақтҳо мардум аз нон сахт танқисӣ мекашиданд. Се рӯз буд, ки оилаи Муҳаммадино рӯйи нонро надида. Падараш  Сӯфибой ҳисобчии хоҷагӣ шуда кор кунад ҳам, илоҷи бо нон таъмин кардани оиларо надошт. Дар хона аз ғизо танҳо ҷигда ва каме меваи хушк буду халос, ки онҳо бо он таматтӯъ мекарданд.

- Нон мехоҳам, - талаб мекард Муҳаммад аз падар.

- Ҳоло ҷигда хӯрда ист, пагоҳ - фардо нон меёбем, - ором мекард ӯро падар. Муҳаммад бо ақли кӯдакона ба худ саволҳо медод,ки чаро дигарон нон доранду онҳо не?

Бо сабабҳои ба Муҳаммад номаълум модараш ҳамроҳи онҳо зиндагӣ намекард. Ва бештарини вақтҳо ӯ ҳамроҳи падар буд, ҳатто дар ҷои кораш ҳам. Шиддати гуруснагӣ маҷбур мекард, ки Муҳаммад дар ҷои кори падар ҳам ӯро ором нагузорад.

- Н-о-о-н  -  фарёдзанон ба замин ғел мезад Муҳаммад. Падараш  намедонист  чӣ кор кунад. Ҳамин вақт Умарбой, ки мудири анбор буд, аз идора ба суйи хонааш раҳсипор шуд. Сӯфибой ба вай муроҷиат карда гуфт:

- Умарбой, ба ман не, ба ҳамин бача аз хонаат нон медодӣ.

- Биё, - бачаро ба сӯяш хонд Умарбой.

Муҳаммад аз паси ӯ равон шуд. Бо амри тасодуф ҳангоми ба ҳавлии Умарбой ворид шуданашон завҷааш саргарми нонпазӣ будааст. Бӯйи нони гарм тамоми ҳавлиро фаро гирифта буд. Муҳаммад бо баробари расидани бӯйи нони гарм ба димоғаш лаҳзае бехуд гашт.  Умарбой аз сабади нонҳои гарм яктояшро ба ӯ дод. Бача нонро гирифта ба кӯча баромад ва дар ҷӯйи қади роҳ буридаҳои нони гармро тар кард. Нони гарми дар оби сард мулоимшуда аҷаб маззае дошт. Тановули он ба Муҳаммади гурусна кайфияту лаззати нодире мебахшид. Эҳсосоти гуворо кӯдакро чунон фаро гирифт, ки ӯ нафаҳмида монд то назди падар расидан чӣ тавр якто нон тамом шуд. Чун дар назди падар ҳозир шуд, падараш аз ӯ пурсид:

- Умарбой нон дод?

- Ҳа, - ҷавоб дод Муҳаммад.

- Канӣ?

- Хӯрдам.

- Хайр, рав акнун,бозӣ кун...

Ӯ фақат баъди гузашти  даҳсолаҳо ба хотир овард, ки падараш низ ҳамон рӯзҳо мисли ӯ се рӯз боз рӯйи нонро надида буд. Ва хеле дер дарк кард, ки падараш роҳи ӯро интизор буду умед дошт, ки писараш нони талбидаи ӯро бо вай қисмат мекунад.  Тафаккури ӯ он вақтҳо ба дарки ғуруру ҳамияти мардӣ, шарму ҳаёи падар намерасид.  Вуҷуди ӯро эҳсоси хиҷолат ва надомат фаро гирифт. Хиҷолате, ки то  охири  умр ӯро тарк нахоҳад кард. Надомате, ки пайваста виҷдонашро ба шиканҷа мекашад...

Шилдирроси об ва маънидорона нигоҳ кардани шахси роҳгузар саҳифаҳои хотироташро аз назараш нопадид сохтанд. Нигоҳаш бори дигар болои тӯдаи  нонҳо қарор гирифт. Ва ӯро андешаи инсони фаромӯшхотир, инсоне, ки ҳангоми ба мартабае расидан лаҳзаҳои вазнини  умри гузаштаро нодида мегирад, азият медод. Чаро ин тавр?  Чаро вақт инсонро ба осонӣ тағйир медиҳад? Чаро?

Қобилхоҷа УМАРОВ,

омӯзгори литсейи №4-и

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш