Нашрияи Омӯзгор

Оғози басти сеюм

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Аз 23 июли соли равон дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур басти сеюми истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт оғоз гардид, ки он то 3 августи соли равон идома меёбад.

Сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт,  дар басти сеюми истироҳати тобистонаи 948 нафар, аз ҷумла, 750 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 36 майдончаи тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1600 нафар хонанда фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 августи соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулиятҳо барои хонандагони синфи якум оғоз мегардад.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш