Аз хусуси фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4090 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз 3916 донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта айни замон 65 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло 83 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Барои ба Ватан баргардонидани онҳо корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ идома доранд.
Чунонки гуфта шуд, дар нимсолаи якуми соли 2021 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ, 13412 рейди санҷишӣ гузаронида шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2021 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парвандаи маъмурӣ маввриди баррасӣ қарор дода шудааст..
С. Давлатзода аз камбудиву мушкилоти соҳа низ ҳарф зада афзуд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим ба талабот ҷавобгӯ нест. Тамоми масоили марбут ба ба комиссияҳои доимиро ба зиммаи бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вогузор менамоянд. Дар натиҷа раванди назорати иҷрои қонун аз мадди назар дур мемонад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр