Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки аз таъсиси он 76 сол сипарӣ мешавад, яке аз аввалин муассисаҳои таълимии соҳаи тиб дар кишвар мебошад.
Чанд сол боз роҳбарии ин муассисаи таълимиро Шаҳло Ашӯриён ба уҳда дорад.
Дар давоми бештар аз 10 соли бо муаллима Шаҳло Ашуриён ҳамкорӣ доштан барои ман собит шуд, ки дар фикру андешаи ӯ ҷӯз фикри ободии диёр ва ҳар чи бештар фароҳам овардани имконият ҷиҳати пешрафти соҳаи таълиму тарбия ва омода намудани духтурони ба қавли Низомии Ганҷавӣ “исавиҳуш” чизи дигаре намеғунҷад.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, соли 2002 табиби бемориҳои узвҳои дарунии Маркази саломатии шаҳрии №9, соли 2007 мутахассиси пешбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 сармутахассиси раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор намудааст. Аз соли 2011 ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳои раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм таъйин гардида, соли 2014 рисолаи номзадии илмро дар Шӯрои олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя ва аз соли 2015 ба ҳайси директори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.
Гузашти солҳо ва ба яке аз коллеҷҳои намунавии кишвар табдил шудани ин муассисаи таълимӣ собит сохт, ки истеъдоду заковати баланди роҳбарӣ ва дарки масъалаҳои доғе, ки ҳалли худро мехостанд, аз назари нозукбини муаллима пинҳон намонданд ва барои пешрафти коллеҷ ва ворид намудани тағйироти зиёд корҳои бузурге анҷом дода шуд.
Муаллима Ш.Ашӯриён бо ифтихор дар бораи таърихи коллеҷ ҳарф зада, ёдовар мешавад, ки коллеҷи тиббӣ ҳанӯз соли 1935 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) бо номи Политехникуми тиббӣ таъсис ёфта, соли 1936 номи мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан ба омӯзишгоҳи тиббӣ табдили ном карда буд.
Нигоштаҳо ва ҳуҷҷатҳои бойгонии муассисаи таълимӣ гувоҳ аз онанд, ки солҳои аввали фаъолият дар ин муассисаи таълимӣ мутахассисони маҳаллӣ намерасиданд ва бештари дарсу машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони русзабон (бо забони русӣ) сурат мегирифт. Ғайр аз ин, заминаи моддию техникии коллеҷ дар сатҳи паст қарор дошта, дар ҳолати вазнин, ки садҳо бемориҳои сироятӣ (тоун, нағзак, гулбек, сил ва ғайра)дар кишвар ҳукмрон ва шароити санитарию гигиении кишвар дар ҳолати ниҳоят паст қарор дошт, аввалин мутахассисони маҳаллии соҳаи тиб омода карда мешуданд.
Муаллим А. В. Тихонович аввалин директори муассисаи таълимӣ то соли 1939 роҳбари ин омӯзишгоҳ буда, баъдан тӯли 80 сол Ю. Додхоев, У.Умаров, Ф.Абдураҳмонов, М. Қаюмова, М. Отаева А. Б. Ҳакимҷонов Ҳ. Гадоева, Ибодов онро роҳбарӣ намудаанд.
Ба ҳайси роҳбари муассисаи таълимӣ таъйин шудани муаллима Шаҳло Ашуриён фазои коллеҷро ба пуррагӣ тағйир дода, бе муҳобо метавон гуфт, ки яке аз коллеҷҳои пешрафта дар собиқ кишварҳои муштаракулманофеъ гардид. Бинои нави таълимии коллеҷ, ки соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, бо тарҳи зебо, ороиши толору синфхонаҳо, лабораторияҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизоти тиббию техникӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна назир надорад. Бинои мазкур аз 146 кабинети таълимӣ, 8 толори лексионӣ ва маҷлисгоҳ барои 350 нафар иборат мебошад.
Бо ибтикори директор дар коллеҷ Парки технологӣ кушода шудааст, ки чандин сол боз ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва омода намудани доруворӣ аз онҳо, инчунин, тайёр намудани алафҳои хушки доруворӣ ба роҳ монда шудааст.
Сол аз сол теъдоди кормандон ва омӯзгорон афзуда, айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 428 нафар омӯзгор, ки бештари онҳо докторон ва номзадҳои илм мебошанд, ба кору фаъолият машғуланд. Махсусан, пас аз сохта ба истифода додани бинои нави коллеҷ фазои таълимию тарбиявӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва пажӯҳишӣ дар он ба маротиб афзоиш ёфта, сифати таҳсилот 5,9% баланд гардид.
Теъдоди донишҷӯён ба 8558 нафар расида, бо назардошти талаботи ҷомеа ва шароити мусоиди таълимӣ ҳар сол теъдоди онҳо меафзояд. Дар 6 факулта аз рӯи 12 ихтисос мутахассисон омода карда шуда, ба хотири ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ намудани фаъолияти муассисаи таълимӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар соли 2017 дар коллеҷ Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шуд. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, нархномаи таҳсил, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ омода ва тасдиқ карда шуданд.
Хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисоси мазкур ва хатмкунандагони коллеҷ дар соли 2020 бо маълумоти гирифтаашон оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории коронавирус, ки дар бораи он, дар минтақаҳо маълумоти кам доштанд, аввалин шуда ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар ва дар раванди кумак ба беморон ва бурдани корҳои пешгирикунанда нақши хуби худро гузоштанд.
Соли 2016 бо дастгирии роҳбари муассисаи таълимӣ Шаҳло Ашӯриён Маркази таълимии истеҳсолии “Дорусозӣ” аз сари нав таҷдиди назар карда шуда, фаъолияти он ҷараёни дигар гирифт. Дар марказ чор номгӯи доруҳо, аз он ҷумла, парасетамол, глюконати калсий ва аналгин истеҳсол карда мешавад. Аз оғози сол дар марказ 10 000 дона ҳабби парасетамол 500 мг, 15 000 ҳабби кислотаи атсетилсалитсилӣ 500 мг №10 истеҳсол карда шудааст. Айни замон, дар корхона истеҳсоли қурсҳои решаи гиёҳи рӯян ва решаи чукрӣ дар назар дошта шудааст.
Кормандони марказ дар якҷоягӣ бо кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия мунтазам дар намоишгоҳҳо иштирок карда, маҳсулоти нави маркази таълимӣ – истеҳсолии дорусозии коллеҷро ба намоиш мегузоранд.
Ғайр аз ин, ду маркази дигар: маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия ва маркази таълимӣ-табобатии стоматология аз соли 2010 фаъолият намуда истодаанд ва даҳҳо нафар донишҷӯён дар баробари таҳсил дар ин марказҳо фаъолият намуда истодаанд, ки дар пешрафт ва такомули муассисаи таълимӣ ва донишҷӯён нақши бузургро мебозанд.
Маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш то имрӯз ба миқдори 2000 қуттии гиёҳчой омода намудааст. Миқдори 1874 адад қуттии гиёҳчой ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ бо маблағи 12 181 сомонӣ тақсим карда шудааст.
Дар марказ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи кори фарматсевтӣ ба роҳ монда шудаст.
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши маводи доругӣ шартномаи дуҷониба баста, мувофиқи дархост онҳоро бо гиёҳчойи ватанӣ таъмин менамояд.
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, аз ҷумла, коллеҷҳои тиббии Санкт-Петербург, шаҳри Тамбов, шаҳри Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Волгогради Федератсияи Россия, коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Алма - Ато, Чимкент, Қарағанда, Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон, коллеҷи тиббии РНИМУ ба номи Н.И Пирогови Федератсияи Россия, коллеҷҳои тиббии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тиббии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, тиббии шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, коллеҷи тиббии шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ҳамкорӣ дорад.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ шароити мусоиди иҷтимоиро барои ятимони донишҷӯ, ки айни замон 70 нафар мебошанд, фароҳам оварда, барои онҳо дар доираи 205 сомонӣ идрорпулии ҳармоҳа, хобгоҳи ройгон ва ёрдампулии махсус дар ҳар чоряк ба миқдори аз 200 то 500 сомонӣ муқаррар намудааст.
Ҳамасола дар мависими ҷамъоварии гиёҳҳо аз тарафи коллеҷ гурӯҳи корӣ, аз ҳисобии омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ва кормандони маркази мазкур ташкил карда мешавад ва барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла, ба Сари Хосор, мавзеи Канаск, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Варзоб ва дигар маконҳои зебоманзар сафар намуда, миқдори зиёди гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ менамоянд.
Дар асоси нақшаи маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш бо фармоиши роҳбарияти коллеҷ аз 09.07 то 22.07 соли 2020 7 нафар корманди Марказ барои ҷамъоварӣ ва хушк кардани гиёҳҳои шифобахш ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Варзоб, деҳаи Сафеддара сафар карда, 2450 кг гиёҳҳои чойкаҳак - 400 кг, кокутӣ - 400 кг, газна - 300 кг, пудина - 400 кг, лупанак - 400 кг, хуч - 250 кг ва косни - 300 кг ҷамъоварӣ намудаанд.
Гиёҳҳои ҷамъоварикардашуда дар маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши коллеҷ мавриди коркард ва истеҳсоли чойҳои алафӣ ва бастабандӣ намудан қарор мегиранд. Бояд зикр кард, ки соли равон ба маркази мазкур дастгоҳҳои муосир – мошини равғанбарорӣ бо усули фишори хунук харидорӣ карда шудааст.
Айни замон дар маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши коллеҷ истеҳсоли равғанҳои растанӣ аз кунҷид, донаи бодоми талх, тухми зағир, меваи ангат ва тухми сиёҳдона дар назар дошта шудааст.
Роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба талаботи имрӯзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисон роҳҳо ва усулҳои гуногуни таълимро, ки дар ҷаҳони муосир мавриди истифода қарор доранд, ҷорӣ ва натиҷаҳои заруриро ба даст овардан мехоҳанд.
Ҷалолиддин АМИРОВ,
сармутахассисии раёсати
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр