Нашрияи Омӯзгор

Ҳамқадами ҳаёти ҷомеа

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

 

- Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, таъмини фазои солими  сиёсиву мафкуравии ҷомеа дар шаш моҳи соли ҷорӣ як қатор гузоришу барнома ва мизҳои мудаввар бо иштироки аҳли зиё ва дигар фаъолони ҷомеа ташкил карда шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали директори телевизиони «Сафина» Карим Азиз. – Барномаҳои «Вожазори маонӣ», «Мавқеъ», «Фарҳанги муосир», «Нози хаёл», «Минбари андеша», «Толори оинаҳо», «Инсон ва ҳуқуқ», «Пажӯҳиш» аз ҳамин силсилаанд.

Бино ба таъйиди номбурда, мавзӯи дигаре, ки дар ин давра мавриди таваҷҷуҳи кормандон  қарор гирифт, идома ёфтани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва эълони озмуни нав – «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад.

Дар барномаҳои иттилоотии «Навид» ва барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон!» доир ба ҳаёту фаъолияти ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо  суҳбатҳо ташкил карда шуд.

Дар барномаҳои «Солим бимонед!», «Ганҷи бебаҳо», «Дармон», «Дар ин замона» мунтазам масъалаи ҳифзи сиҳатии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо иштироки мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар тӯли шаш моҳи аввали соли равон дар идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса 30 филми бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2724 дақика ё 45 соату 40 дақиқа, дар мавзӯоти гуногун тарҷума ва дубляж карда шуд.

Ҳотами   ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш