Нашрияи Омӯзгор

Консерватория – манбаи кадрҳои мусиқии касбӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Ректори  Консерваторияи  миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Миралӣ Достизода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба журналистони дохиливу хориҷӣ маълумот дод. Бино ба иттилои ректор,  вобаста ба такмили тахассуси кормандон дар консерватория шуъбаи такмили  ихтисоси  кормандон таъсис ёфтааст, ки ҳамасола дар ҳамкорӣ  бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК–и  назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносиву забонҳо пурра аз такмили ихтисос мегузаранд.

Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият  сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, мувофиқи талаботи мактаби олӣ дар ин масъала заминаҳои  устувор фароҳам оварда  мешаванд. Вобаста ба ин, масъули сифати таҳсилоти консерватория дар семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» бо оҷонсии аврупоӣ – ЕККА оид ба назорати сифати таҳсилоти Ҷумҳурии Эстония доир ба масъалаи аккредитатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи онлайн иштирок намуд. Дар семинари омӯзишӣ тавсияҳо оид ба рушди назорати сифати таҳсилоти дохила ва беруна, стандартҳои нави дар оянда татбиқшаванда, дастур оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба тасдиқи ректор, гузаронидани консертҳои синфӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии омӯзгорони консерватория ба ҳисоб рафта, ҳамчун  ҳисоботи солонаи омӯзгор маҳсуб меёбад. Аз моҳи феврали соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ беш аз 40 консерти синфии омӯзгорон дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шуданд.

Дар  муассисаи номбурда  студияи операвӣ амал  мекунад, ки дар он донишҷӯёни шуъбаи сарояндагии академӣ ва созҳои оркестр фаъолият мекунанд. Студияи операи С. Баласанян  «Шӯриши Восеъ», С. Рахманинов «Алеко», С. Баласанян  ва Ш. Бобокалонов  «Коваи оҳангар» - ро  ба саҳна гузоштааст.

М. Достизода  иттилоъ дод, ки раёсати консерватория вобаста ба қабули  донишҷӯён дар соли таҳсили 2021 – 2022 чораҳои мушаххас андешида, дар ҳамкорӣ  бо муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои кишвар ва шуъбаҳои фарҳанг  як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонид.

Ректори консерватория М. Достизода оид ба фаъолияти эҷодиву тарбиявӣ, илмӣ, ҳамкориҳои байналхалқиву хоҷагидорӣ низ вобаста ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои саҳеҳ дод.

Ҳотами   ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш