Нашрияи Омӯзгор

Парки технологӣ фаъол мешавад

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи  Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таърихи ҳамагӣ чордаҳсола дорад.         Чунонки маълум гардид, айни замон дар ДИТ ду факулта – улуми исломӣ ва филологияи Шарқ амал менамояд. Дар донишкада ҳашт кафедра – улуми Қуръон ва ҳадис, шариати исломӣ, забон ва адабиёти араб, таърих ва диншиносӣ, фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ, забонҳо, педагогика ва мероси ниёгон ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён баъд аз хатми курси панҷсола аз рӯйи зинаи таҳсили бакалавр соҳиби ихтисосҳои забони хориҷӣ (арабӣ), информатика, лингвист, тарҷумон, донандаи забони арабӣ ва англисӣ, таъриху диншиносӣ, теолог, фақеҳ, матни классикӣ, улуми қуръонӣ, мероси хаттӣ  мешаванд.

Чунонки  роҳбари  донишкада Нусратулло Зокирзода  тазаккур дод, айни замон дар ДИТ 879 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 85 фоизашон ба таври рӯзона ва 15 фоизи дигар дар таҳсили  шуъбаи ғоибона мебошанд.

Истифода аз воситаҳои техникӣ ва китобҳои дарсӣ  омили  омӯзиши мукаммали донишҷӯён ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳоло дар донишкада 10600 адад китоб маҳфуз буда, дар баробари ин, захираи электронии китобхона 25 ҳазор нусхаро дар бар гирифтааст.

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз соли 2017  инҷониб дар назди донишкада парки технологӣ фаъолият менамояд. Дар он омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва касбомӯзии дӯзандагӣ, пазандагӣ, қаннодӣ ва калиграфия (хаттотӣ) ба  роҳ монда шудааст.  Ҳамчунин, чор сол боз дар донишкада матбаа  фаъолият мекунад, ки маҷаллаву  китобҳо  ва маводи таълимиро ба табъ мерасонад.

Ҳотами   ҲОМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш