Нашрияи Омӯзгор

20 ҳазор сомонӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шашмоҳаи охир вобаста ба афзудани сафи донишҷӯён ва пайдо гардидани ҷойҳои корӣ  чор  кафедраи дигар таъсис дода шуд, ки аз оғози соли таҳсили 2021 – 2022 онҳо ба фаъолият мепардозанд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ ректори  донишкадаи мазкур  Асрорзода Убайдулло Саттор ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Вобаста ба самти фаъолияти донишкада    дар ин ҷо аз рӯйи  9 ихтисоси риштаи сайёҳӣ таҳсил ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар  соли нави таҳсил боз аз рӯйи 4 ихтисоси нав таҳсил шурӯъ мегардад. Чунонки У. Асрорзода гуфт, дар соли 2021 дар баробари гурӯҳҳои амалкунандаи таҳсилашон ба забони англисӣ дар зинаи бакалавр боз аз рӯйи ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ гурӯҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра барои пешбурди фаъолият аз рӯйи 15 ихтисоси нав, аз ҷумла, се ихтисос дар факултаи муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта шуд.

Убайдулло Асрорзода оид ба самти илм ва инноватсия сухан ронда, аз ҷумла, қайд кард, ки омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада маҳсуб меёбад. Дар ин давра ҳафт нафар устоди донишкада рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи доктории худро ҳимоя намуданд. Ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари занону бонувон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ 20 ҳазор мукофотпулӣ муқаррар карда шуд. 

Ректор ҳамчунин, оид ба самтҳои тарбиявию иҷтимоӣ, равобити хориҷӣ, иқтисодиву хоҷагидорӣ ва фаъолияти литсейи донишкада ба рӯзноманигорон маълумот дода, онҳоро барои ҳамкорӣ ва инъикоси паҳлуҳои доманадори донишкада даъват намуд.

Ҳотами   ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш