Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ректори муассиса Муҳриддин Низомӣ аз хусуси фаъолияти шашмоҳаи донишкада ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, мутобиқ кардани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ, ки яке аз масоили афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, як қатор тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, стандартҳои таҳсилоти касбӣ ва нақшаҳои таълимии муассиса оид ба ҳамаи тахассусҳо бо назардошти талаботи низоми кредитӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҳия ва барои тасдиқ ба мушовараи ин вазорат пешниҳод карда шуданд. Вобаста ба талаботи стандартҳо ва нақшаҳои нави таълимӣ аз рӯйи модули фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда шуданд, ки аз айни замон аз рӯйи онҳо китобҳои дарсӣ омода мегарданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишкада кафедраи технологияи ВАО бо ихтисосҳои ВЕБ – журналистика, PR – робита бо ҷомеа ва кинотелеоператор таъсис ёфт. Ин кафедра аз соли нави хониши ҷорӣ ба фаъолият сар карда, ба он устодони соҳавӣ ҷалб мегарданд.
Чунонки роҳбари муассиса қайд намуд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ омӯзгорону аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён ду монография, як китоби дарсӣ, як воситаи таълимӣ, ду дастури таълимӣ ва беш аз сад мақолаи илмӣ чоп намуданд. Бисту панҷ мақолаи ҳайати илмии муассиса дар нашрияҳои бонуфузи хориҷи кишвар ба табъ расид.
Яке аз самтҳои фаъоли донишкада иштироки шогирдону устодон дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Дар ин озмун 15 нафар омӯзгори ҷавону донишҷӯи донишкада ғолиб омаданд Дар шашмоҳаи аввали соли хониш бо ибтикори раёсати донишкада дар назди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бо ибтикори роҳбарияти донишкада ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, ки донишкада номи ӯро дорад, дар саҳни муассиса гулгашт бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави шоир гузошта шуд.
М. Низомӣ ба рӯзноманигорон, вобаста ба суолҳояшон, ҳамчунин, оид ба дигар паҳлуҳои марбут ба фаъолияти донишкада маълумот дод.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр