Нашрияи Омӯзгор

Масъулиятшинос бояд буд

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  3-юми марти соли 2006, таҳти №94 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 18 намуди тарбияи миллӣ нишон дода шудааст, ки тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, яке аз қисматҳои он мебошад.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврас муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

Консепсия имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан интихоб ва амалӣ намоянд.

Ҳамчун роҳбари синф дар вақти тартиб додани нақшаи корӣ мавзӯъҳоеро интихоб менамоем, ки барои ташаккули ахлоқии хонандагон ёрии амалӣ расонида тавонанд. Бо омӯзгорону мураббиён дар ниҳоди хонандагон анъанаҳои миллӣ, хушахлоқӣ, ватанпарварӣ, меҳнатдустӣ, поквиҷдонӣ, бошарафӣ, ростию росткорӣ ва дигар хислатҳои неки инсонро тарбия менамоем, зеро вазифаи мактаб аз он иборат аст, ки хонандагонро ба ҳаёт тайёр намояд.

Ҳангоми банақшагирии корҳои тарбиявӣ устодону омӯзгорон бештар ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ меҳнатӣ, эстетикӣ, ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ, экологӣ, иқтисодӣ, худшиносии миллӣ, дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми калонсолон ва ифтихори ватандорӣ аҳамият дода, ин хислатҳоро дар ниҳоди онҳо ташаккул дода тавонанд. Ҳар як омӯзгор ва мураббӣ дар вақти таҳияи нақшаи корҳои тарбиявӣ  бояд бештар ба Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намояд.

Дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба хонандагон мефаҳмонам, ки ростгӯву росткорӣ ба хонаи кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад.

Дар хонандагон тарбия намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, шарафу обрӯ, некию хайрхоҳӣ, покию покизакорӣ, шарму ҳаё, омӯзиши илму маърифат, дӯстию рафоқат, сулҳу салоҳ, муқаддас донистани об, хок, замин, оташу ҳаво, ҳурмати калонсолон, эҳтироми хурдсолон, омӯзиши касбу ҳунарҳо ва дигар хислатҳои неки инсонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгору мураббӣ аст.

Қобили қайд аст, ки дар мактаб-интернат омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ ва мардумӣ, аз қабили ҳунарҳои гулдӯзӣ,  қолинбофӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, омӯзиши компютер, суруд ва мусиқӣ, сӯзанидӯзӣ, сабадбофӣ, рӯзғордорӣ, гулзании компютерӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст, амал мекунанд. Мақсад дар ниҳоди хонандагон бедор намудани шавқу ҳавас ба ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби ғояҳои касбинтихобкунӣ ва густариши завқи меҳнатдӯстии хонандагон мебошад.

Мунира Тошматова,

омӯзгори забони давлатии гимназияи №13,

Саодат Раҳматова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаб – интернати

давлатии шаҳри Хуҷанд

ба номи С. Тоҷибоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш