Нашрияи Омӯзгор

Рухсатии омӯзгорон пардохт мешавад?

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Тибқи иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон,  ба ҳолати имрӯз пардохти рухсатпулии омӯзгорон аз раёсати молия ва мақомоти маҳаллӣ вобастагии бештар дорад.

Дар робита ба ин, раиси Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода изҳор дошт, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 8 рӯз пеш аз баромадан ба рухсатии меҳнатӣ, бояд маблағи он пардохт карда шавад. Аммо боиси таассуф аст, ки  солҳои тӯлонӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҳисоби музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии омӯзгорон беш аз 66 миллион сомонӣ ба ҳолати имрӯз қарздорӣ мавҷуд мебошад. Аз ҳисоби музди меҳнат дар моҳи июни соли ҷорӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ қарздории соҳаи маориф мавҷуд аст, ки он дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб беш аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, Хуросон 600 ҳазор сомонӣ, Вахш 1 миллион сомонӣ, Муъминобод 700 ҳазор сомонӣ ва дар умум, зиёда аз 4 миллион сомонӣ қарздорӣ мавҷуд мебошад.

Қарздорӣ аз ҳисоби маблағи рухсати меҳнатии омӯзгорон бошад ба ҳолати 14-уми июли соли 2021дар шаҳру навоҳии Вахш беш аз 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун 4 миллиону 600 сомонӣ, Дӯстӣ 2 миллиону 500 сомонӣ, Панҷ 4 миллион сомонӣ, Қубодиён 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, Шаҳритус 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 2 миллион сомонӣ, Ёвон 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, Восеъ 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, Муъминобод 3 миллион сомонӣ мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб беш аз 500 ҳазор сомонӣ, Носири Хусрав 900 ҳазор сомонӣ, Балҷувон 900 ҳазор сомонӣ ва дар умум, дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон беш аз 62 миллион сомонӣ қарздорӣ аз рухсатии меҳнатӣ мавҷуд аст.

Дар нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода дар робита ба вазъи қарздории рухсатии меҳнатии омӯзгорон иттилоъ дод, ки ба ҳолати 13 –уми июли соли равон 32 фоизи пардохти рухсатпулии омӯзгорон таъмин гардидааст. Тибқи нақша ин маблағ беш аз 134 миллион сомонӣ мебошад, ки то имрӯз 43 миллион сомонии он пардохт шудааст.  Илова гардид, ки чанде аз шаҳру ноҳияҳо аллакай ба пуррагӣ нақшаи пардохти рухсатии меҳнатиро таъмин карданд. Хусусан, ноҳияҳои Данғара, Левакант, Ёвон 80 фоиз, Ҷалолиддини Балхӣ 60 фоиз ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 60 фоиз маблағҳои мазкурро пардохт намудаанд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш