Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба варзиш ва тарбияи бадан баҳри тарбияву парвариши насли ояндасози миллат, ки бо тани солиму неруи қавӣ барои ҳимояву ҳифзи марзу буми ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамеша тайёру омода аст, муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, шурӯъ аз синфҳои поёнӣ мебояд ба тарбияи ҷисмонии мактабиён диққати ҷиддӣ зоҳир намуд.Бузургони гузаштаамон тандурустиро ганҷи беқиёс ва бехи давлат унвон кардаанд, ки бесабаб нест. Чунонки ба мо маълум аст, ҳанӯз аз давраҳои қадим ниёгони хирадманду соҳибфазилатамон ба тарбияи маърифатию солимии бадани фарзандон ҷаҳду талош менамуданд. Дар давлати Сосониён, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои китоби «Авесто» дар мактабҳо он замон хонандагон бо машқу бозиҳои гуногун, ки ба обутоб ёфтани ҷисм ва қавииродаву ҷасуру тавоно гардидани онҳо мусоидат мекард, фаро гирифта мешуданд. Аз 7- солагӣ толибилмон дар машғулиятҳои варзишӣ машқҳои зиёдро иҷро мекарданд. Тадриҷан, бо ба камол расидан ба онҳо омӯзгорон машқҳои шиноварӣ, камонварӣ, аспдавонӣ, гуштингирӣ, гӯрзпартоӣ, шоҳмотбозӣ ва ғайраро меомӯзонданд. Ба танбалию коҳилӣ ва аз кӯшишу ҷаҳд дур мондани одамон, хоса ҷавонон ҳукуматдорони он замон роҳ намедоданд.
Саҳархезӣ омили асосии тарбияи бадан ва солимии рӯҳ ба шумор меравад. Баҳри неруманду солим тарбият ёфтани фарзанд падару модарон низ бояд саҳми худро гузоранд. Субҳ барвақт аз хоб хестан, машқҳои давидану гимнастикиро иҷро намудан, турник кашидан ба беҳдошти саломатии фарзанд таъсири мусбат хоҳад расонд. Оне, ки аз машқу тамрин дурӣ ҷуста, ба варзиш машғул намешавад, одатан бемору касалманд аст. Аз ин лиҳоз, аҳамияти варзиш дар ҳаёти инсон хеле бузург мебошад. Ба василаи машқҳои гуногунро иҷро намудан саломатии ҳар як фарди солимфикр доимо хуб буда, вай аз ину он нуқсу иллати организм ва ҳар гуна беморӣ шикоят намекунад. Баръакс, рӯ овардан ба танбалию коҳилӣ, пурхӯрию пурхобӣ ва камҳаракатӣ хонандаи мактабро заифу нотавон ва аз талош барои ояндаи саодатманди рӯзгораш боз медорад, ки ин омил хеле нигаронкунанда ва хатарнок мебошад. Машғул гардидан ба варзиш ва тарбияи бадан ақлу шуур ва зеҳнро комил ва неруманд месозад. Хираду ақл ва тафаккури пешрафта маҳз дар организме ташаккулу такомул меёбад, ки солим ва обутоб дидааст. Сарчашмаи ғизои рӯҳи инсон тани бақуввати ӯ маҳсуб меёбад. Саломатӣ ва офиятмандӣ дурдонаи бебаҳо, шамъи фурӯзони пурзиё, давлати безавол ва дар саҳни гулшани умр ниҳоли сабзу баркамол аст.
Ҷумъагул
Холназарова,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби №6, шаҳри Душанбе.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр