Нашрияи Омӯзгор

Таъмир дар таълимгоҳҳои минтақаи Кӯлоб

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Имсол раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, коркунони хоҷагӣ, соҳибкорону собиқ хатмкунандагони мактаб ва волидайни хонандагон тасмим гирифтааст, ки муассисаҳои таълимиро бо қувваи худ аз таъмир бароварда, ба соли нави таҳсил омода намоянд.

Муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Алишер Муминов дар хусуси рафти таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии шаҳр  гуфт,  корҳои таъмирӣ дар 62 муассисаи таълимӣ ва 12 муассисаи томактабии шаҳри Кӯлоб идома дорад. Барои таъмири соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ 67 250 сомонӣ ва 362 330 сомонӣ аз ҳисоби маблағи АВО-и муассисаҳои таълимӣ ва 30250 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол дар 23 муассисаи таълимӣ таъмир пурра ба анҷом расида, дар 39 муассисаи таълимӣ идома дорад.

 Муассисаи таълимии №52(директораш Р. Абдуллозода) дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир шуда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 1569 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Айни ҳол корҳои таъмирӣ аз ҳисоби маблағҳои падару модарон ва сметаи хароҷотии мактаб ба роҳ монда шуда, аллакай таъмири қисмати дохилии бинои мактаб пурра ба анҷом расида,  дар қисмати берунии он   идома дорад. Дар муассисаи таълимии №1(директораш Н. Ҳайдарова)   таъмир бо қувваи омӯзгорону коркунони хоҷагии мактаб ба роҳ монда шудааст. Таъмири синфхонаҳоро роҳбарони синф ва падару модарони хонандагон ба анҷом расонидаанд. Рангу бори дару тирезаҳо , фаршу деворҳои бинои мактаб бо сифати баланд иҷро шудааст. Дар муассисаи таълимии №51( директораш Носир Ҳақназаров) аз аввали моҳи май сар карда, масъалаи ба соли нави хониш тайёр намудани муассиса дар шӯрои омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, омӯзгорону роҳбарони синф ва кормандони хоҷагӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмиру тармими дохили биноро  ба анҷом расонанд. Ҳамин тавр, ҳайати омӯзгорон ва АВО-и муассиса корҳои таъмиру тармими синфхонаҳоро оғоз намуда, дар муҳлати 20 рӯз рангу бор ва фаршу деворҳои синфхонаҳоро бо сифати баланд бо маблағгузории АВО-и муассиса ба анҷом расониданд.

Аз рӯзҳои аввали моҳи май кормандони шуъбаи маориф, директорону раисони АВО-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қатори дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2021-2022 –ро таҳия намуда, бо мақсади таъмиру тармими босифат ситоди махсусро дар назди шуъбаи маориф таъсис доданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н.Ғоибзода зимни суҳбат чунин гуфт :

- Имсол аз буҷаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия 296 352 сомонӣ ҷудо гардидааст.Айни ҳол 133 464 сомонӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардида, маблағгузорӣ дар ин самт давом дорад.

Дар муассисаи таълимии №18(директораш Ш.Камолов) аз буҷаи маҳаллӣ 21 ҳазор сомонӣ  барои таъмиру тармими бинои мактаб ҷудо шудааст. Директори муассиса Ш.Камолов иброз дошт, ки бо ёрии раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳаёт» Н. Назарзода 1 синфхона барои 30 ҷойи нишаст бо тамоми шароитҳои таълимӣ муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шудааст.

Бояд зикр кард, ки рафти иҷрои корҳои таъмирию тармимӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 2,19 ва гимназияи давлатӣ аз тарафи омӯзгорону коркунони хоҷагии мактаб бо маблағҳои АВО-и мактабҳо  ҷараён дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш