Нашрияи Омӯзгор

11 нафар - соҳиби дипломи аъло

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид. Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ДИС ДДТТ тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура PhD мутахассисонро тайёр менамояд.

Дар ҳузури хатмкунандагон меҳмонон Абдувосид Мамадҷонов, муовини сардори гумруки ноҳияи Ҷаббор Расулов, Наимҷон Комилзода, сардори шуъбаи кадрҳои раёсати андози вилояти Суғд, Насим Исмоилов, роҳбари филиали ҶСК “Алиф Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, Сарвиноз Ғаниева, мутахассис оид ба рушд дар ҶСП Бонки “Арванд”, Ганҷина Раҳимова, намоянда аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд арзи сипоси худро барои омода намудани мутахассисони варзида ба роҳбарияти донишкада баён доштанд. Дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада ба 80 нафар хатмкунанда диплом, аз ҷумла, 11 дипломи аълоро тақдим намуд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш