Нашрияи Омӯзгор

«Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

 

23 июли соли равон дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор шуд. Устоди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  Зумрат ғайбуллоева ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид. Мавсуф дорандаи  7 нахустпатент,  1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад.

Инчунин, Суҳбатҷон Баҳриев бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ - медали тиллои ба номи В.И. Блинников  ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сарфароз гардонида шуд. Ӯ дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад.

Ҳамзамон, се нафар доктори илмҳои кимиё ва тиб  Зайниддин Муҳиддинов, ғиёсиддин Мироҷов ва Неъмат Бозоров  бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Нишони фахрии МД ММПИ» сарфароз гардонида шуданд.

Се нафар ихтироъкор - Луқмон Нуралиев, Шонаврӯз Самиҳов ва Ҷумъабой Шамсиддинов бо ҷоизаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон-  «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун  чаҳор нафар ихтироъкор бо дипломҳои дараҷаи аввал, дуюм, сеюм ва олӣ қадрдонӣ гардиданд. Ба довталабон-ихтироъкорони дигар дипломҳои иштирокчии озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Озмун маротибаи 13-ум аст, ки гузаронида шуда, соли равон 51 нафар ихтироъкор бо пешниҳоди 117 ихтироъ барои иштирок дар сабқат ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш