Нашрияи Омӯзгор

Фароғат дар лагерҳои академӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

 

Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ барои 80 нафар хонанда, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шавқу ҳаваси бештар доранд, лагери академӣ боз намуд.

Дар ин лагер бо истифода аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ва бозиҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ба кӯдакону наврасон фанҳои риёзӣ, физика, география ва математикаи зеҳнӣ меомӯзанд.

Ба гуфтаи роҳбари лагери академӣ Ислом Душанбиев, барои он ки фанҳои дақиқро дурусту комил аз худ кунӣ, омӯзиши ин фанҳоро набояд мавқуф гузорӣ. Бахусус, дар овонию кӯдакию наврасӣ, ки ҳанӯз зеҳну ҳофиза қавӣ ва вақту шароит мусоид аст, бештар ба омӯзиши ин гуна фанҳо шуғл варзидан зарур аст. Дар давраи таътили тобистона, ки бештар аз ду моҳ давом мекунад, хонандагон дар баробари истироҳат ду ё се соати вақти худро ҳатман бояд барои мутолиаи китоб ва ё ҳалли масъалаву муодилаҳои математикӣ ҷудо кунанд. Бартарии чунин лагерҳо дар он аст, ки шогирдонашон аз аввали рӯзҳои соли нави таҳсил зуд вориди мавзӯъ ва мундариҷаи фанҳои дарсӣ гардида, нисбат ба дигар ҳамсолони худ на танҳо дар  дарсҳо, балки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ низ пешсаф хоҳанд шуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков гуфт, ки зиёда аз 100 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр низ ба лагерҳои академии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон фиристонида шуданд. Ба фарқ аз лагери академии назди литсейи Оғохон ин лагерҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд ва хонандагон дар лаҳзаҳои фориғ аз бозиҳои зеҳнию варзишӣ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ машғул мешаванд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш