Нашрияи Омӯзгор

Олами рангини Маҳбуба

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Шиносоӣ бо ҳар кас ҳар гуна сурат мегирад, самар меорад ва идома меёбад. Дуруст аст, ки гоҳо шиносоии тасодуфӣ боис мегардад ба дӯстии самимӣ ва муҳаббате, ки дар он на рафтуомади хонаводагӣ, балки як лутф, як сухани хуш, як нигоҳи гарм ва як қадам ба сӯйи ҳам муҳим аст. Бо Маҳбуба Умирзоқова шиносоии мо тасодуфӣ, вале ҳамин гуна баргузор гардид: бо самимият, бо як занги телефонӣ.

Рӯзе духтараке занг зад ва пурсид: “Модари ман муаллима аст, мақолаашро равон кунем, чоп мекунед?” Фаҳмондам, ки ба талабот ҷавобгӯ бошад, албатта, чоп мекунем. Ӯ мақоларо ба мо ирсол кард ва мо онро чоп кардем, баъди чоп бо модараш барои маҷалла омад. Модараш як бонуи зебои ситорагарм ва шармгине, ки ба як дидан дар дили кас ҷо мегирад, омӯзгори мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе Маҳбуба Умирзоқова будааст. Ҳамин тавр, мақолаҳои муаллима бонавбат чоп шудан гирифтанд. Баробари ба кабинети корӣ даромадан чашми муаллима ба гулҳо афтод, ба мани аз ному хусусияти ҳар гул бехабар чиҳое ки нагуфт: яке офтобпараст будааст, дигаре офтобгурез, яке гармӣ, дигаре салқиниро меписандидааст. Чунин суҳбат барои ҳамкоронам –Лутфиябону ва Дилором, ки пайваста ба гулҳо таваҷҷуҳ мекарданд,  бисёр хуш омад...

-Бароям нигоҳубини гулҳо беҳтарин машғулият аст, - бо ҳавас мегӯяд муаллима. - Росташ, аз бачагӣ таваҷҷуҳ дорам ба гул, падарам ҳамеша барои харидани чизе бароям пул медод, онро барои хӯрдан не, барои хариди гул сарф мекардам. Баъдтар апаҳоям ҳам гулпарвар шуданд.

Вале иқрор мекарданд, ки ба гул дасти Маҳбуба расад, рангу бӯи нав мегирад. Ин таваҷҷуҳ ба ӯ неруе дод, ки на танҳо барои худ, балки барои тамоми наздикон ҳам чунин дунёи зебо офарад. Дасташ, ки гул аст, буданаш муҳитро гулистон мегардонад.

Ростӣ, аз омӯзгорон дар авҷи аттестатсияе, ки боиси нигаронии зиёд ҳам буд, пешниҳоди мақола аз таҷрибаву мушоҳидаи шахсӣ барои мо хуб ва чопи он барои онҳо арзишманд буд (ва ҳаст ҳам). Навиштаҳои муаллима ҳамин гуна буданд, дар онҳо эҷодкорӣ ва мавқеи муаллиф мушоҳида мешуд. Тадриҷан мо бо ҳам қаробат ҳосил кардем, зиёдтар аз як муаллифу масъули нашрия, ба ҳайси ду зан, модар, омӯзгор, эҷодкор. Фарқ ин буд, ки якеро шавқи гулпарварӣ зиёд, дигареро ситоишу тамошои гул, якеро “силоҳ” асосан гул, дигареро қалам. Суҳбат маро водор сохт, то ба саҳифаҳои ҳаёташ назар кунам.

Маҳбуба дар оилаи омӯзгор таваллуд нашудааст, аз ин рӯ, донистани он ки чаро ӯ омӯзгор шуд, бароям ҷолиб намуд. Падараш корманди савдо, модараш чевар буданд. Баъди хатми мактаби миёнаи №45-и шаҳри Душанбе ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон супорид, аммо тақдир омад накард, аз озмуни охирин (мандат) нагузашт. Ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми савдо супорид ва соле дар Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон (ЦУМ) кор кард, чун ҳисобро нағз медонист, зуд ба кори тиҷорат сарфаҳм рафт. Ба зудӣ хостгорон пайдо шуданд ва падару модар ӯро ба яке доданд. Акнун ӯ аз шаҳри Ваҳдат имкони ҳар рӯз ба кор омадан надошт. Кӯдакдор шуд, замонаи ноором онҳоро водор намуд, ба ҷойи амнтар, ба марказ кӯч банданд. Минбаъд духтарчааш мактабрав шуд, ӯро ба мактаби назди хона, мактабе, ки хатти тақдирашро дигар кард, овард. “Ҷой нест”,- гӯён қатъиян қабул кардан намехостанд. Роҳбарон эҳтиёҷоти зиёд ба омӯзгоронро дида гуфтанд: “Касе агар омӯзгор шавад, фарзандашро қабул мекунем.” Маҳбуба бе ягон мақсади ҷиддии ин пешниҳод розӣ шуд, ки омӯзгор шавад. Ӯро дарҳол қабул карданд. Ва ҳамин тавр, ба хонандагон аз фанҳои риёзӣ дарс гуфтанро оғоз кард. Рӯзе директори ҳамонвақта Лямкина Мария Николаевна Маҳбубаро ба наздаш даъват карда гуфт, ки ҳар чи зудтар ба донишгоҳ дохил шавад. Ҳамин шуду Маҳбуба донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ гардид ва сатҳи донишу касбияташро боло бардошт.

Фаъолияти хуб, дониши васеъ, кордонӣ ва эҷодкорияш маъмуриятро водор намуд, ӯро соли 2002 ба иҷрои вазифаи ҷонишини директори муассиса оид ба корҳои тарбиявӣ вобаста намояд. Самараи кораш Маҳбубаро ба самти муҳимми таҳсилот - таълим равона кард. Муаллима аз соли 2007 дар вазифаи ҷонишини директори муассиса оид ба корҳои таълим дар синфҳои ибтидоӣ кор намуд. Дар ин вазифа 8 сол фаъолият кард. Зиндагӣ муаллимаи меҳнатиро дучори садама гардонд. Баъди ин аз вазифаҳои пурмасъули  роҳбарӣ истеъфо дод. Барояш сидқан иҷро кардани вазифа одат буд, ба чашми касе хок пошидан намехост. Вале ба мазмуну муҳтавои дарс, омода кардани шогирдон ба озмунҳо аҳамияти бештар доданро зарур донист. Пайваста шогирдон иштирокдори озмунҳои гуногун дар сатҳи шаҳру ноҳия ва ҷумҳурӣ мегаштанд.

Шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ (дар синфҳои ибтидоӣ) ҷойҳои аввалро сазовор шуданд - Шаҳноза Исроилова (соли 1997 аз фанни забони модарӣ), хонандаи синфи 4 б Насиба Умирзоқова дар олимпиадаи ноҳиявӣ (соли таҳсили 2009 - 2010 аз фанни математика) иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардиданд. Соли гузашта шогирдаш Ёсин Насимов дар ноҳия ҷойи аввалро ба даст овард. Худи муаллима ҳам аз иштирокдорони фаъоли чорабиниҳои маърифатист. Чунончи, дар озмуни «Роҳбари синфи сол - 2007» иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардид.

Муаллима ҳамеша аз пайи омӯзиш аст, аз матбуоти даврӣ, дастуру тавсияҳои мутахассисони ватаниву хориҷӣ меомӯзад ва дар амал истифода мебарад. Аз таҷрибааш дар матбуоти соҳавӣ, аз ҷумла, маҷаллаҳои “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”, “Маорифи Душанбе”, ҳафтаномаи “Омӯзгор” менависад ва ба ин васила донишу касбияташро такмил медиҳад. Ӯ хуб медонад, ки омӯзгори имрӯз дар баробари заҳматҳои зиёд, имкониятҳои бештари омӯзишӣ ҳам дорад. Дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотии имрӯза, шиносоӣ бо маслиҳату тавсияҳои мутахассисони соҳа ва иртибот бо ҳамкасбон дар шабакаҳои иҷтимоӣ омилҳоеанд, ки омӯзгори имрӯзаро ба пешравӣ талқин мекунанд. Муаллима аз он ки тавассути курсҳои баландбардории такмили ихтисос тавонистааст донишу малакаи худро ҳам дар таълими фанни ихтисосӣ ва ҳам роҳбарӣ такмил диҳад, қаноатманд аст. Меҳнати муаллима то имрӯз бо ифтихорномаҳои зиёди ноҳиявию шаҳрӣ қадрдонӣ ёфтааст. Аммо ин кофӣ нест, бале, ба меҳнати муаллима дурусттар баҳо додан мебояд. Пешниҳоди ӯ  ва ӯ баринҳо аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо барои сазовор шудан ба нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” айни муддаост.

Маҳбуба Умирзоқова аз ҷумлаи беҳтарин бонувонест, ки ҳам дар кор ва ҳам дар оила метавонанд бо фаросату покизакорӣ, зебоиофариву муносибати гармашон муҳити зебову дилкаш офаранд. Ин кору амалаш атрофиёнро водор намудааст ба ӯ муҳаббати хоса дошта бошанд. Имрӯз муаллима ифтихор мекунад, ки шогирдони зиёдаш пайрави ӯ шудаву дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он бо касбҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ, иқтисодчӣ ва тиҷорат дасти боло ёфтаанд. Дар оила аз шавҳараш Аҳмад Умирзоқов, худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, сипосгузор аст, ки барояш дар тарбияи фарзандон ва пешрафти кор такягоҳ шуда тавонист. Таъсири эътибори падару модар Дилдораву Нигораро пайрави онҳо гардонид. Наргиза барномасоз шуд, Фаррух тарроҳ (дизайнер). Муҳити оила фарзандонро хуб тарбия кард, ҳама хушахлоқу соҳибҳунар. Маҳбуба имрӯз маҳбуби шогирдону ҳамкорон гаштааст, чеҳраи гарму сухани нарм, нигоҳи пурмеҳру табассуми дилкашаш торафт чеҳраи ӯро дар назари ҳамсуҳбатон бештару бештар азиз мегардонанд.

Аҷаб дунёи зебое дорад ӯ: пур аз гул, нафосат, саршори ҳавои баҳор ва накҳати тоза. Ин дунёро бо табиати муаллима қиёс мекунам, шабоҳате аҷиб мебинам: нур андар нур, сафо андар сафо, меҳр андар меҳр, орӣ аз ҳасаду ҳасрат, ғаразу нотавонӣ, моломоли одамияту самимият, муҳаббату садоқат ба дӯст, ба кор, ба Ватан ва инсон. Аз шинохти чунин инсон лаззат мебарам, чун аз оламе зебову хушбӯ нафас мегирам, нафасе тоза.

 

Саидаи ФАЗЛ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш