Нашрияи Омӯзгор

Хонандаи тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ медали биринҷӣ ба даст овард

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Шамс Давлятбеков дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2021), ки ба таври онлайн доир шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Олимпиадаи мазкур 19-24 июл дар шаҳри Лиссабони давлати Португалия бо иштироки 304 нафар аз 76 давлати дунё доир шуд. Дар он аз Тоҷикистон 4 нафар иштирок намуданд.

Ин дуюмин медали Шамс Давлятбеков дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли гузашта низ Шамс Давлятбеков дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2020), ки дар шаҳри Нагасакии давлати Ҷопон баргузор гашт, соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш