Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи Маркази таҳсилоти иловагӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Баҳри самаранок истифода намудани вақти холигии кӯдакон ва наврасон, рушди тафаккури техникӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, пешгирӣ аз ҷинояту ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби  хонандагон, дар давраи таътили тобистона фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияи вилояти Суғд пурсамар ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 28 муассисаи таҳсилоти иловагӣ амал намуда, дар 670 маҳфил, 1830 гурӯҳ дар давраи таътили тобистона 43233 нафар хонанда ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шудаанд.

-Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолият дар асоси нақша - чорабинии давраи таътили тобистона ба роҳ монда шуда, дар асоси он баргузории 4 озмуни вилоятӣ, нишастҳои илмӣ, чорабиниҳои варзишӣ, озмунҳои гуногуни шавқовар, намоиши филмҳои тарбиявӣ - ахлоқӣ ва бозиҳои дидактикӣ, дидору мулоқот бо шоирону нависандагон ва ашхоси барӯманд, ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, саёҳатҳо ба макону мавзеъҳои таърихӣ ба нақша гирифта шудааст”-зикр намуд директори Марказ Фирдавс Ашӯрматов.

Дар навбати худ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти 29 маҳфил бо фарогирии беш аз 1,5 ҳазор нафар кӯдак ва наврас ба роҳ монда шуда, тамоми маҳфилҳо ройгон амал менамоянд.

Аъзои маҳфил бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати омода намудани кӯдакон ва наврасон ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар назди тамоми муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфили доимоамалкунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил карда шудааст. Инчунин, ҷиҳати омода намудани кӯдакони боистеъдод ва лаёқатманди равияи техникӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 70 маҳфили техникӣ, аз ҷумла, «Ихтироъкорони наврас», «Навоварони ҷавон», «Техникони наврас» амал намуда, ба ин маҳфилҳо беш аз 4 ҳазор хонанда ҷалб карда шудаанд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш