Нашрияи Омӯзгор

Заминаи нутқи комил

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ба машқҳои инкишофи  нутқи бачагон аз  хурдсолии онҳо машғул шудан ба мақсад мувофиқ аст, зеро аксарияти бачаҳо ҳангоми тарбия гирифтан дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба талаффуз ба мушкилоти гуногун дучор мешаванд.

Агар  нутқи кӯдак суст бошаду ӯ овозҳоро дуруст талаффуз карда натавонад, мураббия ё муаллима бо роҳи машқҳои пай дар пай онро ислоҳ мекунад. 

Баъд аз пуррагӣ аз худ кардани тарзи талаффузи садонокҳо ба машқи талаффузи ҳамсадоҳо оғоз кардан ба мақсад мувофиқ аст. Барои машқ кардани талаффузи ҳамсадоҳо, ҳамсадоҳоро бо ҷуфтҳояшон, яъне овозҳои беҷаранг ва ҷарангдор гирифтан лозим аст.

Масалан: п-б, в-ф, к-г, д-т, м-н, р-л, с-з, ш-ж, ш-ч, ва ғайра. Овозҳои  мазкур ин тавр талаффуз карда мешаванд; пи, пэ, па, по, пу; би, бэ, ба , бо, бу ва монанди онҳо.

Кор бо калимаҳо ба хонандагон имконият медиҳад, ки захираи луғавияшонро ғанӣ намуда, нутқи худро инкишоф диҳанд. Ба мақсади тараққӣ додани нутқи даҳонии бачаҳои 6,7 ва 8-сола ва бой намудани захираи луғавии онҳо  бояд бозиҳои махсус ташкил карда шаванд. Ба ин гурӯҳ бозиҳое дохил мешаванд, ки дар зери намунаашон оварда шудаанд.

1.Калимасозӣ. Бозиро ягон хонандаи нутқаш бурро бурда, номи ягон ҳарферо мегӯяд. Масалан, ҳарфи «А». Ҳар кадоме аз иштирокчиён бо навбат калимае мегӯянд, ки вай бо ҳамин ҳарф сар ё тамом шуда бошад. (амак, Ашӯр, Алӣ  Азизи, амма, шамма, алифбо ва ғайра). Мувофиқи шарти бозӣ бояд калимаҳо такрор нашаванд.

2.Пурра намудани калимаи нотамом. Яке аз иштирокчиёни бозӣ нисфи ягон калимаеро гуфта, иштирокчии дигар ин калимаро пурра мекунад. Масалан, иштирокчии якум, «мак…».гӯяд иштирокчии дигар «…таб» мегӯяд, ё «…тоб», «ки», «даф…», «…тар», «қал…», «…ам». Ба ин тартиб, калимаҳоро пурра намуда, қобилияти фикрронӣ ва захираи  луғавии хонандагонро бой кардан мумкин аст. Барои натиҷаи хуб додани ин гуна бозӣ, вобаста ба қобилияти дарккунии хонандагон метавон аввал аз калимаҳои содатаре, ки хонандагон ҳамарӯза аз онҳо истифода мебаранд, оғоз намуда, баъдан, зина ба зина ба калимаҳои душвор шурӯъ кард.

Пас  аз он ки тарзи талаффузи овозҳои алоҳидаи нутқ ва калимаҳо аз худ карда шуд, бо иштироки хонандагон ибора ва ҷумлаҳои мувофиқ ё матни шеърӣ истифода бурда, бозиро идома додан мумкин аст. Дар ин бозӣ аз  шеърҳои бачагона, чистонҳо, мақоли халқӣ, зарбумасалҳо, тезгӯякҳои китобҳои дарсӣ ё адабиёти бачагона истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Санамгул НАЗАРОВА,

омӯзгори гимназияи №1-и                   

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш