Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

 

Новобаста аз пандемияи COVID-19 ва авзои сиёсию амниятии  Афғонистон, соли равон аз Тоҷикистон беш аз 125 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ боздид намудаанд, - зикр намуд  дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

– Аз ҳама бештар аз Тоҷикистон сайёҳони Ӯзбекистон (70 ҳазор нафар) боздид карданд. Дар маҷмӯъ, аз кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 107 ҳазор сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷи дур 17 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омаданд.

Ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 226 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки  50 адади он ба Бадахшон, 40 адад ба Суғд,  17-то ба Хатлон, 105 ширкат ба шаҳри Душанбе ва 14 ширкати сайёҳӣ ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Дар масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки айни замон  дар 20 муассисаи  олии таълимӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ қариб се ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯи 15 намуди ихтисос  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо баъд аз хатми муассисаҳои олӣ дар инфрасохтори бахши сайёҳии мамлакат  бо  кор таъмин гардида, дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши  муассир мегузоранд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш