Нашрияи Омӯзгор

Экскурсия ба боғи ҳайвоноти пойтахт ва таҳияи масъалаҳои физикӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Муаллими физика дар ҳамкорӣ бо омӯзгори биология ба хотири таъмини алоқамандии байнифаннӣ бо зоология, баланд бардоштани шавқи хонандагон оид ба омӯзиши фан, ҳамчунин, татбиқи маводи назариявии таълим бо муҳити атроф метавонад дар синфҳои 7 ва 8 экскурсия ба боғи ҳайвонот (дар мисоли мо боғи ҳайвоноти пойтахт) – ро гузаронад.

Агар дар рафти экскурсия омӯзгори биология низ ширкат кунад, самараи омӯзиш баланд хоҳад буд.

Дар рафти экскурсия ба боғи ҳайвонот ҳангоми шиносоӣ бо олами ҳайвонот метавонад бо истифода аз маводи дар адабиёти методӣ зикршуда ва шабакаи интернетӣ масъалаҳои пешниҳодшударо ба хонандагон баён созад ва аз онҳо таҳлил ва ҳалли масъаларо тақозо кунад. Ин гуна роҳи ҳалли масъала донишҳои назариявиро мустаҳкам намуда, ба хонандагон доир ба ҳайвоноти гуногун маълумоти фаровон ҷамъ мешавад. Ин омил аҳамияти хуби алоқамандии байни фанҳои физика бо зоологияро ташкил медиҳад.

Мо дар мақолаи хеш намунаи масъалаҳоеро гирд овардаем, ки омӯзгорони фанни физика ҳангоми ташкили экскурсия бо боғи ҳайвоноти пойтахт аз он истифода намуда, сатҳу сифати самараи дарсашонро баланд мебардоранд.

Масалан, ҳангоми аз назди оҳувон гузаштан омӯзгор метавонад, намунаи масъалаҳои поёниро пешкаши хонандагон созад.

Масъалаи №1. Оҳу суръати ҳаракати хешро дар муддати 4 сония аз 60км/ст то 80 км/ст зиёд мекунад. Шитоби ҳаракати онро ёбед.

Масъалаи №2. Оҳу бо суръати 80 км/ст дар муддати ним соат чӣ қадар масофаро тай карда метавонад?

Зимни шиносоӣ бо шутурон омӯзгори физика масъалаҳои поёниро ба хонандагон пешниҳод карда метавонад.

Масъалаи №3. Массаи шутури дукӯҳона ба 600 кг мерасад. Вай соҳиби чӣ гуна вазн аст?

Масъалаи №4  Дар сурати тарс ё ҳисси таъқиби душман шутури дукӯҳона метавонад суръаташро то ба 65 км/ст расонад. Бо ин суръат вай 500 м – ро дар чанд вақт мепаймояд?

Ҳангоми нишон додани зотҳои гуногуни гӯсфандон омӯзгор масъалаҳои поёниро пешкаш сохта метавонад.

Масъалаи №5. Массаи гӯсфанди олтоӣ ба 35 кг мерасад. Вай дар вақти ҳаракаташ метавонад, шитобашро то ба 0,5 м/с2 зиёд кунад.  Ин навъ гӯсфанд чӣ навъ қувваи кашишро соҳиб мешавад?

Масъалаи №6. Гӯсфанди модинаи зоти ҳисорӣ то 90 кг вазн дошта, гӯсфанди наринааш то ба 120 кг мерасад. Вазни онҳоро ҳисоб кунед…

Ҳангоми аз назди хоначаи парандаҳо гузоштан омӯзгор метавонад, масъалаҳои поёниро пешкаши хонандагон созад.

Масъалаи №15. Уқоби дорои массаи 6,6 кг бо суръати 12,4 м/с ҳаракат карда метавонад. Вай соҳиби чӣ гуна энергияи кинетикист?

Масъалаи №16. Мурғи даштӣ дар сурати эҳсоси хатар суръати худро то ба 90 км/ст расонида метавонад. Вай дар муддати 10 дақиқа бо ин суръат чӣ қадар масофаро тай карда метавонад?

Ҳамзамон ба ин, омӯзгори фанни физика метавонад дар хусуси дигар ҳайвоноту парандагон ва хазандагон, ки дар боғи ҳайвонот мавҷуданд, маълумот гирдоварӣ карда, масъалаҳо тартиб диҳад ва дараҷаи шавқмандии хонандагонро зимни гузаронидани экскурсия боло бардорад.

 

А. УБАЙДЗОДА,

омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш