Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо 95 донишгоҳи хориҷи кишвар

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  нишасти матбуотиро муовини ректори донишгоҳ Шарофат Худойдодова   ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд намуд, ки айни замон сифати таҳсилот  дар донишгоҳ беҳтар гардида ,  66,4   % баланд бардошта шуд. Ҷараёни таълиму тарбия дар 6 бино, 10 факулта, 32 кафедра (27тахассусӣ ва 5 умумидонишгоҳӣ)  ва дар 68 ихтисоси гуногун ба роҳ монда шудааст. Шумораи донишҷуёни аълохон зиёд гардида, дар 10 факултет шумораи донишҷуёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекардагӣ ба 421нафар расид. Дар  шаш моҳи соли ҷорӣ профессорону омӯзгорони донишгоҳ 4 китоби дарсӣ, 5 монография, 38 васоити таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 566 мақолаи илмӣ ва дигар маводи илмиро  овардаанд.

Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ дар шаш моҳи соли ҷорӣ умедбахш буда, 17 нафар омӯзгор рисолаи илмии худро ҳимоя намуданд ва  рисолаи илмии 54 нафар омӯзгор дар арафаи омӯзиш қарор дорад. Солҳои охир дар донишгоҳ 79 синфхона афзуд, ки шумораи 2255 ҷойи нишаст зиёд гардид.

Дар соли ҷорӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми АИ ҶТ, ки аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ баргузор гардид, сазовори ҷойи якум (аз фанни химия)  ҷойи дуюм ва  2 ҷойи сеюм аз фанҳои астрономия ва информатика ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни  муассиса соҳиби 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.  Қобили қайд аст, ки бори аввал  дар озмуни математика  донишҷӯи курси 4-ум Ахмедов Бахтнур соҳиби ҷойи якум ва дипломи дараҷаи якум гардид. Фонди умумии китобхона дар давраи ҳисоботӣ 296 801 номгӯи китобҳои бадеӣ ва таълимиро ташкил медиҳад. Фонди умумии китобхонаи электронӣ бошад, дар соли таҳсили ҷорӣ  196 425 нусха мебошад.

Дар соли равон қарордодҳои ҳамкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо 95 донишгоҳ давлатҳои хориҷӣ  ба имзо расидааст. Дар ҳамин замина дастгирии лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну омӯзгори ҷавон роҳандозӣ карда мешавад. Тибқи квотаи кишварҳои хориҷӣ барои соли хониши 2020-2021  31 нафар омӯзгорони беҳтарин барои идомаи таҳсил дар аспирантураи давлатҳои ИМА, Ҳиндустон, Хитой ва Россия сафарбар карда шудаанд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш