Нашрияи Омӯзгор

Роҳе, ки ба мактаб мебарад

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Аз берун, аз кӯчаи деҳа садою ғавғои «бачаҳои гузар» баланд мешаваду баланд ва батадриҷ мавҷи овозашон ба гӯшам мерезад.

Осемасару шитобзада, белу зоғнӯл дар даст аз дарвоза мебароям. Аз баландии назди хона ба поён, ба нишебии роҳ менигарам. Аллакай ҷавонони гузар дар байни роҳ, аз ду тараф ба кандани ҷӯйбор оғоз намудаанд. Гурӯҳе тӯдаҳои ҷо-ҷо рехташудаи шағалро рӯйи роҳ ҳамвору тахт мекунанд. Иддаи дигар симтӯру панҷараҳои оҳанин мегузоранд ба паҳноию дарозии роҳ. Садои белу каланд, мисрону зоғнӯл, болғаю путк фазоро  фаро гирифта. Субҳи накҳатрезу атрогини моҳи май аст. Се рӯз мешавад, ки дар ҷодаи гузар, ки асосӣ ҳисоб меёбаду интиҳояш ба мактаби деҳ рафта мерасад, ҷавонмардон даст ба ҳашар зада, роҳро самент  мекунанд.

 Имрӯз рӯзи чоруми ҳашар дар роҳ аст. Аз наздикии роҳи мошингард, давоми се рӯз шаш мошинро, ки ҳар яке ғунҷоишии 8-10 куб сементро доро мебошад, қабул ва роҳро семент кардаанд ҷавонон.

Воқеан, ҳамин роҳро аз давраҳои  бачагиям амиқу равшан дар ёд дорам. Роҳе буд, ки мустақиман ба фермаи чорвопарварии хоҷагӣ мебурд касро. Инак, аз он айём солҳои зиёде (тақрибан 50-55 сол)  сипарӣ гардидаву он замон ба ёди ҳеҷ як роҳбару масъули колхозу ноҳия нарасиду мағзашро такон надод, ки охир, роҳи асосӣ, балки зарурӣ ҳам ба шумор меравад ин   роҳ, ки ба ферма пайваст аст.

Ба мактабиён, хусусан, хонандагони  синфҳои поёнӣ бо ин роҳ қадам зада, то ба мактаб расидан азоби алиме буд. Баъди ҳукмфармо гардидани тинҷию амонӣ ва сулҳу оромӣ ва оҳиста-оҳиста беҳ гардидани вазъият, ҷавонмардони деҳ кӯшиданду иқдом гирифтанд, то роҳи мактабро шағалпӯш созанд. Шағал пӯшондану регу санг рехтан ва тахту ҳамвор намудани роҳ амали бад набуд, аммо ин амалҳо бақо надоштанд. Зеро, чунонки гуфтем, баҳорон селборон регу шағалу сангро шуста  мебурд ва роҳ ба пайкари фарсудаю даридаи ҳайвони азимҷуссаи хориқулодаи замонҳои хеле қадим монанд мешуд. Рӯз мешуду шаб, шаб мешуду рӯз, бад - ин минволу гардиши айём чандин насли фарзандони мардуми деҳаи Моинкаҷ дабистонро хатм кардаву соҳиби касбу пеша ва хонаву дару зану кӯдакон гардидаанд. Аммо роҳ ҳамчунон, бе таъмир, вайрон мехобид.

 Сарварони ҷамоату ноҳия борҳо иваз шуданд, директори дабистон,  руасои маҳалла тӯли 20 сол чорае наандешиданду пайи ободии роҳ гоме  набардоштанд… Ва ниҳоят, сари субҳи баҳорони  имсол  (аввали моҳи май)  кор оғоз гардид. Нахуст роҳро бо белу каланд кандаву  тахту ҳамвор намуданд «бачаҳо»-и  гузар. Сипас, аз ду  тарафи роҳ ҷӯйбори обпарто канда, онро семент карданд. Аз ҳисоби худ ҷавонон маблағ ҷамъ оварда, шағалу рег харида, роҳро шағалпӯш намуданд. Ин гуна роҳ барои  семент кардан омода гардид. Ва се рӯз қабл, субҳи рӯзи шанбе мошинҳои аввалини семент («Миксер»-ҳо) пайи ҳам ба деҳа ворид гардиданд, ба назди роҳи дабистон расиданд. Пирони солманди деҳ даст ба дуо бардошта, ба оғози кори наҷибу хайр фотеҳа доданд ва садои шаррос зада рехтани семент баланд гардид. Ва ҷавонмардони деҳа бо белҳо ба ҳамвор кардани семент  шурӯъ намуданд. Чанд нафар бо чӯби махсус кӯшиш ба харҷ доданд, ки сементи ҷода ба таври мураттаб ҳамвор гардад. Ба часпу талош ва азму илҳоме, ки ҷавононро фаро гирифта буд, бингариста, фикре дар мағзи хос реша медавонд, ки ба хотири мактабу таҳсили фарзандони хеш онҳо омодаанд, ки шабону рӯзон, дам нагирифта меҳнат кунанд.

-Дар  се рӯз 60 куб бетон рафт, хушҳолу шодон гуфт Бахтиёри Бобокалон ва афзуд, ки агар бачаҳо ғайрат кунанд, то охири ҳафта шояд 100 куб бетони дигарро рехтаву ҳамвор кунем. Ва ин тахмини Бахтиёр рост баромад. Чанд нафар ҷавони ҳимматбаланд аз ҳисоби маблағи худ хариди бетонро таъмин карданд. Ниҳоят, бо гузашти 20 рӯз роҳ то назди даромадгоҳи дабистони деҳа - мактаби рақами 51-и ноҳияи Рӯдакӣ пурра семент карда шуд. Бояд хотиррасон намуд, ки аз бунёди таълимгоҳи номбурда 17 сол паси сар гардида, бинои мактаб тӯли ин солҳо ба таври пурраву фарогир аз таъмиру тармим бароварда нашуда буд. Ҷавонони серғайрат бо семент кардани  роҳ қонеъ нашуда, иқдоми дигарро пеш гирифтанд: бинои мактаб бояд ба таври созгор ба талаби замон таъмиру навсозӣ карда шавад. Онҳо бо қувваи худ ва дастгирии соҳибкорону аҳолии деҳа синфхонаҳоро таъмир намуда, тирезаҳои нав харида, насб карданд. Қисми берунии  бино, хусусан, девори қафои он фарсудаву  аз ҳам рехта, дар ҳоли табоҳе қарор дошт, ки комилан таъмиру тармим ва рангу бор карда шуд. Боиси хушҳолист, ки  маҳз бо иқдому неруи мардуми деҳа, аз ҷумла, ҷавонон байни солҳои 2015-2020 бинои дуошёнаи  иловагӣ иборат аз 10 синфхона сохта  шуд.

- Ҷавонони деҳа зуд-зуд ба мактаб меоянд, баҳри ободу зебо намудани он маслиҳат мекунанд  ва дар ин масъала кумак расонида, ғайрату ҷаҳд менамоянд, ки мактабиён аз ягон ҷиҳат танқисӣ накашанд. Норасоию мушкилот бошад, ҳанӯз дар таълимгоҳ мавҷуд аст. Нокифоягии мизу курсӣ, мавҷуд набудани толори варзишию маҷлисгоҳ, кам будани васоити технологияи муосир, аз қабили компютер ва  тахтаи электронию видеопроекторҳо табиист, ки ба сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад, -мегӯяд раиси кумитаи иттифоқи касабаи мактаб Насриддин Давлатов.

... Ман аз хона баромада, ба вусъати роҳи сементӣ менигарам. Чашм ба роҳ, хаёлам ба дуриҳои дур рафта дакка мехӯрад. Замонҳои бачагию мактабхониям, ки гоҳо шитоб карда, аз дарс дер намонам гуфта, пешпоӣ хӯрда, рӯйи роҳ меафтидам, пеши назарам ҷилвагар мешаванд. Зонуям ба санг расида, ба таври ҷонкоҳ ба сӯзиш медаромад. Акнун ҳамаи он азобҳо дар паси меғи хотирот монданд.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш