Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба китобхонӣ афзудааст

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

- Агар барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар коллеҷи тиббӣ маблағи шартнома аз 2200 то 4400 сомониро ташкил диҳад, барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 3200 то 5500 сомониро дар бар мегирад, - гуфт Иброҳимҷон Мӯсоев, директори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ. Мавсуф илова кард, ки маблағи шартнома дар беҳшавии шароити кору таҳсил ва таъминкунӣ бо технологияи навини аср, фароҳамоварии имтиёз барои дигар донишҷӯёни ниёзманд мусоидат мекунад.

Дар хобгоҳи коллеҷ китобхона, ду қироатхона, ду хонаи истироҳатӣ, ду ҳуҷра барои шустушӯй, се нуқтаи хӯрокпазӣ мавҷуд аст. Барои муваффақияти бештарро ноил гардидан дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” ба китобдорӣ ва китобхонӣ диққати махсус равона гардидааст.

И. Мӯсоев зимни шарҳи дастовардҳои донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ афзуд, ки соҳаи варзиш дар мадди аввал қарор дорад ва донишҷӯёни коллеҷ дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш