Нашрияи Омӯзгор

Биржаи меҳнат амал мекунад

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Данғара ректори муассиса Нуралӣ Шоҳиён  вобаста ба дастовардҳои устодону донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод.  Дар раванди татбиқи барномаи зудамали «Ҷаҳиши паланг»  5 нафар омӯзгор  рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.  Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тамоми омӯзгорон аз аттес-татсияи навбатӣ гузаронида шуданд.

Донишгоҳ дар раванди расидан ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ    бо зиёда аз  60 муассисаи олии касбии ҷумҳрӣ ва 28 муассисаи олии касбии бонуфузи хориҷи кишвар робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар ин ҷо 249 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил доранд, ки нисбат ба  солҳои қаблӣ 149 нафар зиёд мебошад. 

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавон роҳбарияти донишгоҳ ба 53 корхона ва ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоб шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ҷамъбасти сессияи тобистонаи донишҷӯён нишон дод, ки  97%-и донишҷӯён сессияи тобистонаро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Донишгоҳи давлатии Данғара ягона дар ҷумҳурӣ таълимгоҳест, ки Маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии «Амри вақт» («Веление времени», «Command of time») фаъолият мекунад.  Ҳамзамон, дар донишгоҳ биржаи озоди меҳнат фаъолият дошта, баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази дизайнерию дӯзандагӣ кушода шудааст, ки дар онҳо аксари занони хонашин ва духтарони деҳотӣ кор мекунанд.  Айни ҳол 300 нафар донишҷӯ аз маблағи бадастовардаи худ маблағи шартномаашонро пардохт карданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш