Нашрияи Омӯзгор

Кумаки марказ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази Нур” асоси фаъолияти худро барои ҳимояи ҳуқуқҳо, саломатӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона намуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Институти Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд лоиҳаи “Мактаб: дастрас ба ҳама”-ро роҳандозӣ намуд.

Тавре Камолиддин Шанбезода ҳамоҳангсози ин лоиҳа қайд кард, ҳадафи  асосии лоиҳаи  «Мактаб: дастрас ба ҳама”  таъсис ва дастгирии ассотсиатсияи муаллимон, мураббиён, мутахассисон ва волидон дар муассисаҳои таълимӣ оид ба таҳсилоти фарогир ва таълими босифат барои кӯдакони бо талаботи ғайриодии таҳсилоти  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб дар ин самт мусоидат намудан аст. Ҷорӣ намудани стандартҳои босифат, методология ва таҷрибаи пешқадами муосир барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муҳити фарогир  аз ҷониби “Маркази нур” таҳия карда мешаванд.

 

Г. ШОДМОНБЕКОВА

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш