Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти 14 муассисаи таълимӣ дар 3 баст

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Сармутахассиси бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон  дар минтақаи Кӯлоб Б. Раҷабов дар нишасти матбуотӣ, аз ҷумла,  қайд кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 49 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 4651 нафар,  442 маркази рушди кӯдак бо фарогирии 12503 нафар кӯдак  ва 596 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар онҳо 278 ҳазору 614 нафар хонанда дар соли хониши 2020-2021  ба таҳсил фаро гирифта шудааст, фаъолият мекунанд. Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба  44 нафар омӯзгори фанҳои химия, биология, физика, забонҳои русию англисӣ, таърих, информатика, география ва математика эҳтиёҷ доранд.

Бинобар сабаби нарасидани синфхонаҳои таълимӣ дар 14 мактаб таълим дар 3 баст ҷараён дорад.  Б. Раҷабов дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» чунин гуфт:

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Темурмалик барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони 27 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби №25-и деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара барои 640 ҷойи нишаст  сохта ба истифода дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2020-2021 14054 (77,5%) нафар хатмкунандаи синфи 11 аз қайди ММТ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар гузаштанд.

Дар давоми соли хониши 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб  дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 256 ҷойи ифтихорӣ,  аз  ҷумла, 31 тилло, 59 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ гардиданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш