Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳамкорӣ бо «Омӯзгор» ифтихормандем

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз мактабҳои олии бонуфузи кишвар буда, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат вобаста ба афзудани талабот нисбат ба  донандагони забонҳои хориҷӣ ва эҳтиёҷ ба тарҷумонҳои соҳибтахассус нақши он барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ боз ҳам афзудааст. Имрӯз талабот ба омӯзгорони забонҳои хориҷӣ дар тамоми таълимгоҳҳои кишвар рӯзафзун мебошад ва тақрибан тамоми муассисаву идораву созмонҳо ба тарҷумонҳои варзида ниёзманданд. Донишкадаи мазкур дар робита ба  талаботу махсусиёти давлати соҳибихтиёр ва раванди ҷаҳонишавӣ фаъолияти худро бознигарӣ кардаву сатҳи таълиму тарбияро дар тамоми факултаҳо боло бардошта, сохтор ва самтҳои амали кафедраву раёсатҳоро густариш бахшидааст. Дар донишкада лоиҳаи хеле судманди «Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ ва модернизатсияи равандҳои омодакунии тарҷумонҳо» татбиқ карда мешавад. Аз аввали соли равон бо ибтикори раёсати донишкада ва дар ҳамкорӣ бо намояндагонии консулгарии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони ҳиндӣ таъсис дода шуд. Ин ҳам далели ҷолиби рушди фаъолияти донишкада аст, ки ин ҷо бори аввал дар байни тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ Маркази тарҷумаи ҳамзамон (фаврӣ) ва рушди маҳорати методӣ (муҷаҳҳаз бо  навтарин таҷҳизоти тарҷумонӣ) ва Маркази омӯзиши Ҳиндустон оғози фаъолият намуданд. Яке аз рухдодҳои фараҳбахш дар нимсолаи  аввали соли равон ифтитоҳи осорхонаи донишкада ба шумор меравад, ки ин ҷо дар радифи асноду ашёи дигари ҷолиб асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як силсила суратҳои муҳтавоманд вобаста ба лаҳзаҳои муассири фаъолияти бавусъати Сарвари кишвар, китобҳо, дастхатҳо ва нимпайкараи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар инъикоси фаъолияти доманадори донишкада ва саривақт дастраси ҳамагон намудани иттилоот оид ба  навгониҳо дар он нашрияи «Паёми донишҷӯ», маҷаллаи «Машъалафрӯз» ва сомонаи интернетии донишкада фаъолияти шоистаи таҳсин доранд.

Зимни сухани ифтитоҳияш дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба  номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода ба ин ҳама масоили умдаи ҳамбаста ба фаъолияти таълимгоҳ дар давоми нимсолаи аввали соли равон дахл намуда, таъкид сохт, ки дар маҷмӯъ ба аксар ҳадафҳои бамиёнгузоштаашон аҳли донишгоҳ дар давраи мазкур дастрасӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин, дар ин давра донишкада аз лиҳози густариши робитаҳои байналмилалӣ, муҷаҳҳазонидани дарсгоҳу лабораторияҳо, таҳия ва нашри китобу дастурҳои илмию методӣ ва таълимӣ, ташкилу баргузории конфронсу ҳамоишу вохӯриҳо, таҷлили санаҳои таърихӣ, дастгирии устодону шогирдони эҳтиёҷманд, такмили ихтисоси омӯзгорон… ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада, ҳамчунин, иброз дошт, ки аҳли таълимгоҳ аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма қаноатманданд.

- Ҳамкории мо, - гуфт Жило Гулназарзода, - бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» хеле бавусъату судманд  аст ва мо аз ин ифтихормандем. Бо ибтикори донишкадаи мо ва ҳафтаномаи мазкур ба ифтихори 110-солагии устод Сотим Улуғзода дар саҳифаҳои «Омӯзгор» озмуни мақолаҳои беҳтарин таҳти унвони «Улуғзода вафодори Ватан буд» эълон шудааст, ки беш аз шаш моҳ боз идома дорад ва дар  арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст хоҳад гашт. Бо маслиҳати тарафайн тасмим гирифтаем, ки беҳтарин мақолаҳои ин озмунро ба ҳам оварда, дар шакли китоби алоҳида ба чоп бирасонем…

Нишасти матбуотӣ дар ДДҶТ ба номи С.Улуғзода дар шакли суҳбати озоду ошкоро ва бо дахолат ба умдатарин масоили таълиму тарбия баргузор гашт.

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш