Нашрияи Омӯзгор

Посбони нуру зиё

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Мактаб- нахустин ошёни муқаддасест, ки ба ҳар як инсон неруи парвоз дода, ӯро ба сӯйи қуллаҳои баланди орзу раҳнамун месозад. Омӯзгор фарди закию меҳрубонест, ки ба ивази шабзиндадориҳо, нури чашм, заҳмати сангин ба дасти фарзанди одам калиди дари маърифату хушбахтӣ медиҳаду ба рӯйи ӯ дари хазинаи донишро боз месозад. Омӯзгорӣ пешаест, ки мисли хуршед партави бедареғ ба сари ҳама нисор менамояд.

Чун мактабу омӯзгор, китобу дафтару мистар набуд, ҳоли инсонҳо чӣ мешуд? Ба куҷо мерасидем? Кулли ихтирооти ҳастӣ аз азал то ба кунун  ба омӯзгор тааллуқ дораду нахуст аз мағзи мафкураю умқи дили ӯ метаровад.

Баъди ба истиқлолияти комил расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мактабу маориф куллан рӯй овардани давлат бесабаб нест.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ мактабу маорифро яке аз ҷабҳаҳои калидӣ ва тақдирсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳисобиданд.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канораҳои кишвар садҳо мактабу кӯдакистон бунёд карда мешавад. Дар ҳаққи омӯзгорон ва умуман,  мактабу маориф ғамхориҳои бузург зоҳир мегардад. Сол то сол сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва зиндагии омӯзгорон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Соҳаи маорифи шаҳри Исфара ҳам таъкиду раҳнамоӣ, ҳидояту ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қутбнамои кору фаъолияти худ қарор дода, ба комёбиҳои беназир ноил шудааст. Ҳаёту таҳсилоти толибилмони шаҳру деҳоти Исфара дунёи рангину нотакрореро мемонад. Дар ҳама ҷо – аз кӯдакистон сар карда, то муассисаҳои таълимӣ арсаи ҷаҳду ҷадал, ҷустуҷӯю талошро мемонад. Ҳама як мақсади аслию асосӣ доранд. Ин ҳам тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва созандаю солим аст. Зери ин чаҳор мафҳум ҳамаи маъниҳои зиндагӣ ва сарбаландиҳои даҳр нуҳуфтааст. Таҷрибаи пешқадами соҳаи маорифи шаҳри Исфара худ дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Таҳкурсии он хеле пештар, аз ҷониби абармардону сарсупурдагони аслии ин соҳа гузошта шудааст. Дар солҳои собиқ Шӯравӣ низ шаҳри Исфара парчамбардори илму маорифи Ватани мо буд. Дар бунёди ин бинои муқтадиру муҳташам собиқ мудирони шуъбаи маориф, шодравон Мирзо Деҳқонов ва Бобохон Парпиев заҳмати сангин кашидаанд. Минбаъд Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, Муҷиба Ҷавҳарӣ, Қаноатхон Абророва, Акрамхӯҷа Икромов ба шаҳомати ин бино шуҳрат зам намудаанд.

Нақши муассисаҳои типи нав – литсейҳо дар ривоҷи маорифи Исфара хеле калон аст. Ин таҳаввулотро мо дар раванди олимпиадаҳои фаннӣ, ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ ва қабул ба мактабҳои олии кишвар бармало эҳсос менамоем. Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ аз муассисаҳои шаҳри Исфара дар сатҳи вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ аз ҳама зиёданд. Ин раванд, хушбахтона, ҳар сол рӯ ба инкишоф аст. Ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ дар сатҳи дилхоҳ аст. Шогирдони шаҳри Исфара аз соли 2014 инҷониб дар риштаи фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ - ҷойҳои 1 ва 2, дар риштаи фанҳои табиӣ-риёзӣ ҷойи 4-6-ро ишғол карда меоянд. Имсол зиёда аз 2200 нафар хатмкунанда ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ супориданд, ки қариб 60 фоизашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳоло тамоюли хушоянди дигар – сохтани муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи хусусӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Соҳибкорони ҳотамхисоли ватанӣ аз даъвату ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззам рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳарчӣ бештар ба раванди ободкорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Ин гуна муассисаҳо дар гӯшаю канораҳои Исфараи маорифпарвар ҳар сол қомат меафрозанду дар дилҳо шӯълаи бовариро ба таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат ва мактабу маориф меафрӯзанд.

Баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (02.08.2011) самти фаъолияти минбаъдаи омӯзгорон боз ҳам равшан шуд. Ин қонун собит сохт, ки тарбия кори аслию ҷонии падару модарон аст. Чун таҳкурсии тарбия дар оила сахту маҳкам аст, фаъолияти омӯзгор низ нишонрас мегардад. Ба ҳаёт татбиқ намудани ин қонуни беамсол самараҳои зиёд доду дода истодааст. Дар фазои пасазшӯравӣ ин қонун назир надорад.

Фаъолияти кабинети методӣ, бахшҳои китобдорӣ, аттестатсионӣ, иттифоқи касабаи раёсат ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ қобили зикр аст. Механизми бузурги соҳаи маорифи шаҳри Исфара аз ҳамин қисматҳои таркибӣ иборатанд. Ҳар яки онҳо вазифа, мақсад ва ҳадафҳои худро медонанду дар роҳи иҷрои он собитқадаманд.

Мо бо ин дастовардҳо ҳеҷ гоҳ қонеъ нестем. Мавҷи сохтмонҳои мактабу муассисаҳои нав дар шаҳру ҷамоатҳо исботи рушди бемайлони соҳаи маорифи Исфара аст. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифчиёни шаҳри Исфара парчами ғолибиятро боз ҳам баландтар бардошта, барои гулгулшукуфоии кишвар ва омода сохтани кадрҳои ватандӯст қувва ва ғайрати худро ҳеҷ вақт дареғ намедоранд. Аз ҳолати сустию заифӣ азм намуда, ба қуллаҳои баланди обрӯю эътибор баромадан, як раванди маъмулист. Мо, аҳли маорифи шаҳри Исфара, дар мақому эътибори баланди худ сахту собитем. Мактаби бузурги таҷрибаи пешқадами худро такмилу тараққӣ медиҳем. Омодаем, ки бо дигарон табодули таҷриба намоем.

Сӣ соли истиқлолияти  кишвар ба рӯйи маорифчиён роҳи васеи имкониятҳою ҷустуҷӯҳоро кушод. Майдони васеъ дар ихтиёрамон, бояд аз сидқ майдондорӣ намуд. Мо аз ин имконият пайваста истифода бурда, 30-солагии Истиқлоли ҷумҳуриро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.

Б. Саидзода,

сардори раёсати  маорифи шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш