Нашрияи Омӯзгор

Омилҳои зуҳури терроризм

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Соли 2001-ум ба даргоҳи башарӣ асри XXI ворид гардид. Асре, ки мардуми тамоми кураи Замин интизориҳои фаровони рушду пешрафтҳои азими ҳаётро дар заминаи рушди босуръати илм интизор буданд. Воқеан,  асри XXI  ворид гардид, вале на бо интизориҳои мардум мувофиқ, балки дар қатори пешрафтҳои азиму бошукӯҳ бо худ мушкилоти зиёди даҳшатнокеро думбол кард. Харобшавии экологӣ, тағийрёбии иқлим, ивазшавии боду равиши ҳаво, ифлосшавии муҳиту афзоиши силоҳҳои ядроию қатли ом ва ҳамзамон, терроризму манфиатталабии аз меъёр фузун. Ҳамаи ин дар пешорӯи ҷомеаи башарӣ қарор гирифта, чун иблиси туъмаи нопоки худро ёфта, дари сайёраро ба кӯфтан оғоз намуд.

Дар воқеъ, ба назар чунин менамояд, ки мардуми сайёраи замин маърифати худро гум кардаанд. Онҳо бо силоҳҳои харобсозандаи муҳит ва маҳвсозандаи ҳаёт зидди ҳам меҷанганд, ки ин боис ба он гардидааст, ки  сайёраи зебои замин  ру ба харобӣ орад.

Дар миёни ҳамаи ин мушкилот, терроризм маъруфияти хос дорад. Он дараҷаи ниҳоӣ ва нуқтаи кулминатсионии норозигии ашхоси, ба қавле “некхоҳи башарият” мебошад. Имрӯзҳо дар сатҳи расмӣ тамоми кишварҳо бо ин амал оштинопазирона мубориза бурдани хешро иброз дошта, ҷомеаро барои кумак баҳри самаранокии мубориза даъват месозад. Пас, дар зеҳну шуури шахс суоле ба вуҷуд омада онро бо шиддат мефишурад. Аз сабабе, ки имрӯзҳо ҷомеа ба ҷомеаи сиёсатзада табдил шудааст, аз мардуми одӣ то сиёсатмадорон суол медиҳанд, ки агар ҳамаи кишварҳо бо терроризм мубориза баранд, пас чи гуна метавонад он вуҷуд дошта бошад? Решаи он аз куҷо об мехӯрад ва сарчашмаи он аз куҷост? Чигуна дастрасии иттилоотӣ ва молиявӣ пайдо мекунанд? Ҳамаи ин саволҳое ҳастанд, ки бо як нигоҳ дар зеҳн ба вуҷуд оварда мешавад ва ҷавоб низ бо андак муқоиса метавонад равшан гардад.

Албатта, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҷомеаи муосир ҷомеаи манфиатмеҳвар аст. Ҳар ташкилот, ҳар кишвар, ҳар гурӯҳ ва ҳатто шахсони алоҳида дар дилхоҳ амал манфиати шахсии хешро дар мадди аввал мегузоранд. Ин боис ба он мегардад, ки баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳои соҳибқудрат сиёсати духӯраро пеш гиранд. Ин яхкӯҳи шиновар (айсберг)-ро мемонад. Боло ва ҷойи намоёнаш сафед, зебо, пок ва бисёр назаррабо, вале зераш бо иқтидори дучанд пур аз сиёҳию касифист. Инро метавон ҳамчун омили якум номид.

Ба омили дуюм мавҷуд набудани таърифи ягона дар шинохти ин ҳаракат (терроризм) дохил мегардад. қобили қайд аст, ки миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шинохти терроризм ҳамрайъӣ ва ягонагӣ вуҷуд надорад. Ҳар кишвар дар алоҳидагӣ ва ё дастаҷамъона дар доираи созмонҳои алоҳида  бо назардошти манфиати хеш ба гурӯҳҳои тундраву оппозитсионӣ ва мубориз баҳогузорӣ менамоянд. Бисёре аз гурӯҳҳоеро, ки имрӯз ба амали тахрибкорона ва зидди ҳуқуқи башар машғуланд, як қатор кишварҳо ҳамчун гурӯҳи террористӣ унвон намуда, ба муқобили он муборизаро оғоз намоянд, қисме аз кишварҳо ин гурӯҳҳоро ҳамчун муборизони роҳи озодиву оппозитсияи барои ҷомеаи демократӣ лозим, дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд, ки ин боиси дарёфти имконияти боз ҳам фаъолтар гардидани ин гурӯҳҳо мегардад. Мисоли равшани онро мо дар гурӯҳи “Ҳизби наҳзати ислом” дида метавонем.  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзиш ва мушоҳидаи кирдорҳои барои ҳаёту саломатии ҷамъияту давлат хатарзои   ин созмон  ва ба критерияҳо (бандҳо)-и умумии эътирофгардидаи терроризм мувофиқат намудан, онро ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон намуд. Вале, баъзе кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои маълум онро чун оппозитсияи муътадилу рақиби ҳукумат қаламдод намудаву пуштибонӣ менамоянд.  

Гуногунии система ва мувофиқ наомадани манфиатҳои низомҳои мавҷуда ва ҳамзамон, муборизаи қудратталабонаи гурӯҳҳою кишварҳои дорои иқтисод ва сиёсати мустаҳкам  метавонад чун омили сеюми мусоидаткунанда баромад дошта бошад. Мувофиқи ин омил, бояд дарк намуд,  кишварҳое,  ки ин гуна даъво доранд, наметавонанд  бевосита бо ҳам рӯ ба рӯ бошанд. Аз ин рӯ, онҳо бо сӯиистифода аз ҳолати мардум ва гурӯҳҳо бо роҳҳои гуногуни дастгирӣ, ҳавасмандкунӣ ва ваъдаҳои ҷомаи амал пӯшонидани орзуҳои эшон, онҳоро ба муқобили ҳариф истифода менамоянд.  Тамоми  ноамниҳои замони муосир дар кишварҳои Шарқи Наздик, Ховари Миёна, кишварҳои арабӣ маҳз натиҷаи ҳамин сиёсатҳои қудратталабонаи минтақавию байналмилалӣ ва мувофиқ наомадани низоми идорию сиёсӣ мебошад.

Ёдгори СайдамирХӯҷа,

магистри АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш