Дар муассисаҳои махсуси таълимӣ, ки барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунанд, татбиқу роҳандозӣ кардани усулҳои нави тадрис ниҳоят зарур аст.
Яке аз чунин муассисаҳо мактаб – интернатҳо барои кӯдакони нобино ва сустбин мебошанд, ки усулҳои махсуси таълимро тақозо доранд. Азбаски толибилмони ин муассисаҳо аз қувваи босира маҳруманд, дарк кардану фаҳмидан ва ақидаю андеша рондан барояшон душвор аст, зеро « шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд.
Яке аз мақсадҳои асосии усулҳои номбаршуда дарк кардан, истифода бурдан ва таҳқиқот гузаронидани дониши гирифта аст, ки он бештар ба неруи биниш вобастагӣ дорад. Бархе аз ашхос ба ин васила хуб дониш гирифта метавонанд ва он аз ҷониби равоншиносон собит гардидааст. Аз ин лиҳоз, барои кӯдакони нобино ва сустбин барои инкишофи тафаккур, андешаронӣ, ҳисҳои ломиса, зоиқа, шомеа ва сомеа нақши калон доранд. Ғайри ранг хонандагон метавонанд, ашёро ламс карда шакл, ҳаҷм, андоза, ҳолат (сахт, мулоим), бӯй кашида фораму нофорам будани он, гӯш карда дар бораи ашёву ҳодиса ва воқеа маълумот гиранд, ширину талх ва тунду бемазза буданро эҳсос намоянд. Омӯзгорро зарур аст, ки дар дарсҳо бештар аз асбобҳои аёнӣ ва худсохт истифода барад. Аз гил, гаҷ, семент, пластилин асбобҳои аёнӣ созад, то хонандагон тавассути ламс дар бораи ашёҳо донишу маълумоти хубтар пайдо кунанд. Истифодаи муляжҳо ва бозичаҳо низ дар дарсҳо манфиатбахш аст. Масалан, хонандагон метавонанд ба воситаи онҳо дар бораи шакл, намуд, андоза ва узвҳои берунии парандагон, хазандагон, ҳайвонҳо маълумоти хубтар гиранд, ба воситаи гербарияҳо дар бораи растаниҳо, буттаҳо, дарахтон ва қисман узвҳои меваю сабзавот дониши мукаммал гиранд. Ба воситаи бозичаҳо низ дар бораи ашёҳо ин гуна донишу маълумотро ҳосил кардан мумкин аст. Дар бораи ҳодисаҳо, воқеаҳо, офатҳои табиӣ метавон аз сабтҳои овозӣ ва наворҳо истифода бурд. Агар кӯдак садои раъдро шунида бошад, даҳшату вайронкории селу тӯфон, тармаю ярч, тиру туфанг ва ғайраҳоро аз ин сабтҳо шунида, маълумоти зиёдтар мегирад. Уллоси гургро аз аккоси саг, чаҳ – чаҳи бул булро аз нағмаи дигар мурғон (кабк, мурғи ҳилол, товусу тазарв, зоғ, бум) фарқ карда метавонад.
Абӯбакр МАРДОНОВ,
муовини директори мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр