Нашрияи Омӯзгор

300 иншооти нави ҷашнӣ

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг қариб 300 биною иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо мақсади ободу зебо гардонидани марказ ва маҳаллаю деҳоти ноҳия дар доираи омодагӣ ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ биною иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маишӣ ва хизматрасонӣ, назири Боғи фарҳангу фароғатӣ бо ҷойгир намудани Парчам ва Нишони давлатӣ, амфитеатр, 5 варзишгоҳи хурд, толори варзишӣ, майдони бозиҳои кӯдакона, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом,  сартарошхона, кошонаи ҳусн, нонвойхона, дорухона, меҳмонхонаҳои замонавӣ, маркази омӯзиши  забонҳо, мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, маркази саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, осорхона, китобхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сохта шуд. Бунёди иншооти дорои  таъйиноти гуногун ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, баланд гардидани вазъи иқтисодии ноҳия мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти имконияти хоси сайёҳӣ ва манзараю табиати нотакрори Ховалинг бо мақсади ҷалб ва қабули  ҳарчӣ бештари  сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, инчунин, тарабхона, мағозаи «Армуғон» бунёд карда шудаанд. Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, имкони дар як вақт ба 100 нафар хидмат расонидан дорад. Дар маркази ноҳияи Ховалинг  меҳмонхонаи замонавии «Чилчанор» ва дар Дараи Мухтор меҳмонхонаи «Восеъ» ба истифода дода шудаанд, ки дар рушди инфрасохтори бахши сайёҳии ноҳияи Ховалинг нақши арзишманд мегузоранд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш