Боиси ифтихору шарафмандии ҳар яки мо - тоҷикистониён аст, ки Ватани азизамон соҳибистиқлол гаштаасту дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил шинохта мешавад.
Истиқлол иқболи баланду сари болои мост. Ҳамагон бояд моҳияту аҳамияти онро амиқ дарк намоем ва дар таҳкиму посдории истиқлоли давлатиамон ҳиссагузор бошем. Ба шарафи истиқлол диёри арҷманди мо ба марҳилаи навину шарафбори таърихи худ ворид гашт ва барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат шароити созгор ба вуҷуд омад. Истиқлол ва посдории аркони он вазифаю масъулияти ҷиддию ҳамешагии мо - аҳли маориф низ мебошад. Дар ин самт мо бояд, пеш аз ҳама, дар таълиму тарбияи шоиставу самарманди шогирдонамон бикӯшем ва бар он муваффақ шавем, ки онҳо ватандӯсту хештаншинос ва дорои ифтихори миллӣ бошанд. Имрӯз дар ҷараёни фаъолияти мактабҳо, дар кулли чорабиниҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз дарсҳои ҳамарӯзаи устодон то конфронсу маҳфилу вохӯриҳо) бояд тарбияи ватандӯстӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Ин самти тарбияро бояд ба таври муассиру пурмуҳтаво ва фарогиру аёнӣ ба роҳ монд ва барои ин аз навтарин усулҳои таълиму тарбия истифода кард. Дарки амиқи моҳияти истиқлол, Ватану ватандорӣ муҳимтарин ҷанбаи тарбияи ватандӯстист. Яке аз воситаҳои самарабахшу ҷолиби тарбияи ватандӯстӣ истифода аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Асарҳои Сарвари кишварамон, аз ҷумла, «Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат - ҳастии миллат» саршор аз ғояҳои миллию ватанпарвариянд ва ҳисси ифтихори миллии хонандаро тақвият мебахшанд. Пешвои миллат дар осори арзишманди худ бо ифтихор зикр менамоянд, ки тоҷикон таърихи тӯлонию пур аз ҳаводиси гуногун доранд, табиатан халқи тамаддунпарвару ватандӯст, фарҳангию маърифатгустар мебошанд, ҷасуру диловаранд. Таърих собит кардааст, ки тоҷикон ҳамеша ба дӯстию сулҳу ваҳдат арҷ мегузоштаанд, осоиштагиро омили муҳими зиндагӣ медонистаанд, ба ҷанг нафрат доштаанд.
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба
ҷанг.
Сарвари кишвар барои тақвияти андешаву мулоҳизаҳои ватандӯстонаашон аз гузаштаи ибратбахши халқи азизи худ, аз корномаи абармардонаи миллат ва аз заҳмату талошҳои меҳнаткашон баҳри риояи адолату ҳақиқат мисолҳои фаровон оварда, асарҳояшонро мазмуну мундариҷаи комилу бавусъат бахшидаанд.
Зиндагиномаи Пешвои миллатамон, ки иртиботманд бо азму ҷаҳди фидокорона ба манфиати халқу Ватан мебошад, барои насли наврас сабақи бузургу беназири ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Сарчашмаи дигари тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии хонандагон дар дарсҳо адабиёти бадеии тоҷикон мебошад. Адибони тоҷик ҳамчун ифодагарони рӯҳияву асолати миллат Ватанро тараннум кардаву дар ин мавзӯъ ашъори баландғоя эҷод бинмудаанд. Ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти муосири мо барои омӯзгорон ҷиҳати ба таври шоиста тарбия намудани шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ далелҳои фаровон мавҷуданд. Танҳо дар заминаи осори ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода метавон чандин дарсу маҳфил баргузор кард. Ба ин байт таваҷҷуҳ намоем:
Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳамин як байт ва абёте монанди онро дар мавриди мувофиқи дарсе тавзеҳ бахшидан аз ҷониби омӯзгор нақши ҷиддие дар тақвияти ҳисси ватандӯстии шогирдон хоҳад гузошт.
Гулбону ЮСУФОВА,
омӯзгори таърихи мактаби №97-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр