Нашрияи Омӯзгор

4746 нафар довталаб ДДХ-ро интихоб карданд

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Гулзорхон Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ як нафар омӯзгор рисолаи докторӣ ва се нафари дигар рисолаи номзадиро ҳимоя карданд.

Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, донишҷӯ Муяссар Муносибшоев дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат»  аз рӯи самти технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, ҷойи сеюмро ишғол кард.

Дар ҷамъбасти олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни донишгоҳ  як ҷои аввал, ду ҷои дуюм ва як ҷои ифтихориро соҳиб шуданд.

Соли ҷорӣ дар донишгоҳ чор факултаи нав - журналист-тарҷумон, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷатии идора, таъминоти ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ ба замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолият ворид карда шудаанд. Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4746 нафар довталаб барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳуҷҷат супурданд.

 

Бунёди 11 муассисаи таълимӣ

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сохтмони 5  муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 6  муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маром идома дорад.

Аз рӯи иттилои сардори раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов, дар таътили тобистона ба мақсади азхудкунии фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, забонҳои русию англисӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят кӯдакони синни томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар курсҳои Марказҳои таълимии «Ирфон», «Логос», «Умники и умницы», ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат», Мактаби таҳсилоти муттасил ва давомдори Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷавонон фаро гирифта шудаанд.

Соли равон аз 2630 нафар хатмкарда 2203 нафар дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш