24-уми июли соли 2021 натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон карда шуд.
Зимни суҳбат котиби матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода иброз дошт, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла, бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин, ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.
– Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд, – зикр кард З. Абдусаломзода.
Мавсуф қайд кард, ки аз 24‑уми июл раванди пешниҳоди рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор оғоз мегардад.
Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин, тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи марказро хонанд. Ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз, дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.
ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 5-уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.
Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавон аз сомонаи марказ шинос шуд.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:
1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
5) маълумотнома аз ҷойи зист;
6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);
7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);
8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр