Нашрияи Омӯзгор

Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ муайян шуд

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

23-юми июли соли равон дар толори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид, ки дар он довталабон аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Довталаб аз вилояти Суғд бо сабаби узрнок-беморӣ иштирок карда натавонист.

Дар расми ифтитоҳи озмун Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илм,  гуфт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ,  инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Дар ин росто, мо-аҳли маориф, бояд бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва тафаккури техникии омӯзгорон дар рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар раванди таҳсилот саҳмгузор бошем ва боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Сипас, иштирокдорон пас аз бахши қуръапартоӣ аз тариқи наворҳои видеоӣ, акс ва слайдҳо ба намоиши кабинетҳои фаннии худ пардохта, доир ба корбарӣ бо хонандагон дар кабинет, уҳдадориҳои вазифавии мудири кабинети технологияи иттилоотӣ, таъминоти меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти кабинет, мутобиқати кабинети технологияи иттилоотӣ ба талаботи муассисаи таълимӣ, мавҷудияти шароит барои кори инфиродӣ бо компютерҳо маълумот доданд. Дар ин замина, ороишу муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннии Фароғат Рӯзиева, омӯзгори  технологияи иттилоотии литсейи №3-и шаҳри Душанбе, Зайниддин Мӯсоев, омӯзгори  технологияи иттилоотии мактаби №11-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раҳим Ҷабборов, омӯзгори технологияи иттилоотии гимназия барои хонандагони болаёқат ба номи Абулфазли Балъамӣ дар шаҳри Ваҳдат ба меъёрҳои баҳогузории озмун бештар ҷавобгӯ буданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромуддин Назаров изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории сабқати мазкур муайян намудани малакаю маҳорати истифодабарии технологияи иттилоотӣ аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда вобаста ба касбияти педагогии онҳо, дарёфт ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, намоиши тартиби ҷиҳозонидани кабинети таълимӣ тавассути истифодаи технологияи интернетӣ дар ҷараёни таълиму тарбия  мебошад.

Дар фарҷом, ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро баррасӣ ва ғолибонро эълон намуданд. Омӯзгори литсейи №3-и шаҳри Душанбе Фароғат Рӯзиева бо ба даст овардани шумораи бештари холҳо сазовори ҷойи аввал, омӯзгори мактаби №11-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Зайниддин Мӯсоев ва омӯзгори гимназия барои хонандагони болаёқат ба номи Абулфазли Балъамӣ дар шаҳри Ваҳдат Раҳим Ҷабборов сазовори ҷойи дуюм, омӯзгори мактаби №23-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш