Шахсият субъекти муносибатҳои ҷамъиятист. Аз ин рӯ, ҷамъият дар ҳама давру замон нисбат ба шахсият талаботи мушаххас пеш мегузорад. Алалхусус, дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба тараққист, ба воя расондани шахсиятҳои дархӯри талаботи ҷомеа вазифаи асосии мактабу маориф аст.
Бо ин мақсад, олимону педагогҳо, омӯзгорони пажӯҳанда ва навовар роҳу усулҳои мувофиқ ва самаранокро пайваста ҷустуҷӯ менамоянд. Ин раванд натанҳо дар кишвари мо, балки дар мамолики хориҷӣ низ роиҷ аст.
Ҳамагон медонанд, ки дар ин бобат нақши ҳалкунандаро аввал мағзи комил мебозад. Ҳар қадар мо барвақттар ба машқ додани мағз сар кунем, ҳамон қадар фаъолияти он дар овони балоғат муваффақонатар мегардад. Нақши пешбарандагиро бошад, дар инкишофи мағз маълумот, аниқтараш сифати он мебозад. Чунки маҳз дар синну соли мактабӣ ва донишҷӯӣ фаъолнокии баланди мағз дар ташаккули алоқаҳои нави нейронҳо ба вуҷуд меояд.
Таъкид карданием, ки солҳои охир, баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар фазои давлати шӯроҳо низоми якрангу якнавохти таҳсилро таҳмил карда буд, ислоҳотҳои мухталиф оғоз гардиданд. Роҳу усулҳо ва низомҳои нави таҳсил тарҳрезӣ шуда, аксаран ҳамчун низоми алтернативӣ дар муассисаҳои гуногун қисман мавриди амал низ қарор гирифта истодаанд. Ҷоришавии мактабҳои тамоилӣ, низоми кредитии таълим, усулҳои фаъоли таълим, муассисаҳои хусусии таълимию тарбиявӣ, таълими фосилавӣ ва амсоли инҳо мисоли равшани гуфтаҳои болоянд. Аммо беихтиёр пурсида мешавад, ки кадоме аз чунин навгониҳо самарабахш ё мувофиқанд?
Дар ин бобат сухан ронда, як нафар зиёии рус Е. Лучезарнова вазъияти мактабҳои имрӯзаро чунин дарёфтааст: «Таассуфовар аст донистани он, ки дар баъзе мамлакатҳо бо номи «ислоҳоти маориф» аз барномаи таълимӣ баъзе фанҳо, ба монанди алгебра ва геометрия, физика ва биология, химия ва астрономияро бо баҳонаи он, ки ин фанҳо дар ҳаёт ба таври амалӣ короӣ нестанд, аз барномаи таълимӣ хориҷ намудаанд. Масалан, фанни астрономияро, ки дар ҳаёти мардум истифодаи амалӣ надорад. Ва ба гӯшаи хотири он ислоҳотгарон намеояд, ки вазифаи ин фанҳои омӯхташаванда на истифодаи амалии онҳо, балки бартар аз он машқдиҳии мағз аст. Саволе ба миён меояд: давлат баъди чунин ислоҳоти соҳаи маориф чӣ гуна шахсиятҳоро ба воя расонданист? Охир, мақсади соҳаи маориф пеш аз ҳама тарбияи шахсияти соҳибмаълумоту ҳаматарафа инкишофёфтаест, ки қобилияти ба халқу давлати худ фоида оварданро дошта бошад.» (Ситоиши хирад. «Литературная газета», №41, 2017).
Дар ин бобат муаллиф ба куллӣ ҳақ аст. Дар навбати худ, талаботи илми дидактика ҳам, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст, ба ин гуфтаҳо ҳаммаъност. Худи «Дидактика ( аз юн. didakticos – омӯзандагӣ ва didasko – омӯзанда) – қисми педагогика, коркарди масъалаҳои омӯзиш ва маълумот аст. Чӣ тавре ки маълум аст, ин калима бори аввал аз тарафи педагоги немис Волфганг Радке (Ратихия) (1571 – 1635) баҳри нишон додани санъати омӯзиш пайдо шудааст. Ба таври аналогӣ, ҳамчун «санъати универсалии омӯзиши ҳама чиз, ба ҳар кӣ», маънидоди дидактикии Я. А. Каменский мебошад. Дар аввали асри XIX педагоги немис И. Ф. Гербарт ба дидактика вазъияти аклухт ва назарияи ғайриихтилофии омӯзиши тарбиядиҳандагӣ дод» («Педагогика», таҳти назари профессор Ҳ.Шомуродов, саҳ.172). Ба ҳамин маъно ишораи олимони рус О.О. Петрова, О.В. Долганова, Е.В. Шарохина, О.К. Филатов низ бамаврид ва тасдиқи гуфтаҳои болоянд.
Ҳанӯз дар Юнони қадим Арасту ташаббускори пайдоиши аввалин мактаб-литсейҳо буд, ки дар онҳо ҳамаи илмҳои дастрас ба хонандагон омӯзонда мешуданд. Асоси назарияи пайдоиши литсейҳо ташаккули шахсият тавассути омӯзондани ҳамаи илмҳои мавҷуда буд. Зеро омӯзиши онҳо на ба хотири дар ҳаёт амалан истифода намудани ин илмҳо, балки ба хотири ҳаматарафа инкишоф додани мағзи наслҳои наврас буд, то ки ин мағзҳо қобили таҳлил, муайян кардани мафҳумҳо, муҳокима ва хулосабарорӣ, ҳамзамон қабули қарори дуруст, инчунин эҷодкорӣ бошанд.
Таҷрибаи мактаб-литсейҳо дар асрҳои гуногун, дар мамлакатҳои мухталиф, аз тарафи олимони соҳаҳои педагогика, психология, сотсиология ва ғайра баррасӣ ва дастгирӣ мегардид. Асари гаронбаҳои олими асри ХVII Ян Амос Каменский «Дидактикаи бузург» аз таҷрибаи онҳо баҳравар гардидааст. Соли 1811 дар Россияи подшоҳӣ аввалин литсейи Сарское Село ифтитоҳ гардид, ки мазмуни маълумоти он дар литсейистҳо ташаккули донишҳои густурда дар самтҳои мухталиф - илм, маданият ва фарҳанг, тараққӣ додани маҳорати тафаккури солим, тафаккур аз рӯи мафҳумҳои мушаххас, ба ин васила омода кардани шахсиятҳо барои ҷамъияти рӯ ба тараққиёти капиталистӣ буд. Шахсиятҳои абарқудрате, чун сардафтари адабиёти рус А.С. Пушкин аз ҷумлаи муҳассилини ҳамин литсей буданд. Ба тасдиқи Е. Лучезарнова «Барномаи таълимии литсей фанҳои гуманитарӣ ва дақиқро дар мавзунӣ муттаҳид карда буд, чун грамматикаи русӣ, таърих, физика, математика, суханшиносии русӣ (адабиёт), забонҳои хориҷӣ-франсавӣ ва немисӣ, манзаранигорӣ (тасвирӣ), дар як вақт ба омӯзандагон донишҳои энсиклопедӣ дода мешуд.
Аз ин рӯ, хеле бамаврид мебуд, агар ислоҳотгарони мо низ ҳангоми ҷорӣ кардани навгониҳо дар барномаҳои таълимии то синфи 11 аз ихтисор кардани фанҳои гуногун худдорӣ намоянд. Зеро мактабҳои тамоилӣ дар баробари дар самти гуногун инкишоф додани хонандагон, онҳоро аз омӯзондани як қисм фанҳо маҳрум менамоянд, ки дар инкишофи ҳаматарафаи тафаккур ва мағзи онҳо монеаҳо эҷод мекунад. Дар баробари ин, онҳоро аз инкишофи ҳаматарафа бозмедорад, ки хилофи талаботи ҷамъияти имрӯза аст. Барои ба ҳама чиз – инкишофи илмҳо, тайёр кардани кадрҳо, кашшофону ихтироъкорони оянда ноил шудан, аз ҳама чиз - илму фанҳо баҳравар бояд буд. Хуллас, дар барномаи макотиби таҳсилоти умумӣ бояд ҳамаи фанҳо бе маҳдудият омӯзонда шаванд, навгониҳоро танҳо дар самти роҳу усулҳои баланд бардоштани сифати таълими онҳо ҷустуҷӯ бояд кард.
Шехмирзо Раҷабӣ,
омӯзгори педагогикаи коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр