Оё рост аст, ки дар Қасри сафеди ИМА фақат аҳли оилаи президенти ИМА зиндагӣ мекунад? Магар сарвари давлат падару модар ва хешовандонашро ба Қасри сафед оварда наметавонад?
Ҷамил Мирзоев,
Ҳошим Хўҷамов,
омўзгорони таърих ва ҳуқуқ аз шаҳри Хуҷанд
Қасри сафед дар маркази шаҳри Вашингтон воқеъ буда, аз соли 1800 қароргоҳ ва дафтари кори Президенти ИМА аст. Ин иморати зебои дуошёнаро аз рўйи лоиҳаи меъморон Ҷ. Хобан ва Б. Матроб дар давоми солҳои 1792 – 1829 сохтаанд. Қасри сафедро аксар вақт ҳамчун ҳукумати ИМА ба забон мегиранд. Дар болои бино парчами ИМА парафшон аст ва тибқи Конститутсияи ИМА, ҳар президенти нав аз 20 – уми январ ба кор шурўъ мекунад. Қасри сафед дар тўли 4 ва дар сурати интихоб ба навбати дуюм дар давоми 8 сол ҷойи зист ва кори президент аст.
Дар асоси Қонуни асосии мамлакат дар Қасри сафед фақат аҳли хонаводаи президент истиқомат мекунанд ва сарвари давлат ҳатто барои истиқомат ба Қасри сафед овардани волидайн, бародару хоҳаронаш ҳуқуқ надорад. Агар президент қонунро вайрон кунад, ўро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Боре модари президенти 39 – уми ИМА Ҷимми Картерро (вай солҳои 1977 – 1981 президенти ИМА буд) низ дар қаср ҷойгир намудан хостанд, вале ВАО ва шаҳрвандон ғавғо бардоштанд ва кампир маҷбур аз қаср рафт.
Президент баъди ба анҷом расидани муҳлат ё баъди шикаст дар интихоботи оянда Қасри сафедро тарк мекунад. Яъне, Қасри сафед мерос аз президентҳои пешина барои президентҳои оянда аст. Модар, падар ва дигар пайвандони президент ба Қасри сафед фақат чун меҳмон омада мераванд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр