Нашрияи Омӯзгор

Аз дида ба дилҳо

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 879        Шарҳ: 0

 

Доктори илмҳои физикаю математика, профессор Баҳодур Сабуров соли 1944 дар деҳаи Кўҳрўди ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ў соли 1961 дабистонро бо медали тилло хатм намуда, дар факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлати Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсилро ба ҳайси донишҷў идома мебахшад. Пас аз ду соли таҳсил донишу малака ва маҳорату истеъдоди хуби Б. Сабуровро ба назар гирифта, роҳбарияти вақти донишгоҳ номбурдаро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А.Жданови Федератсияи Россия равон  мекунанд. Таҳсил дар ин донишгоҳи бонуфуз дар қалби донишомўз меҳру шавқи зиёдро нисбат ба табиат ва қонуниятҳои пинҳонияш бедор кард ва ў мекўшид аз асрори ниҳони уқёнуси беканори илми физика бархўрдор гардад. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди зиёд соли 1967 ин боргоҳи бонуфузи илму маърифатро аз рўи ихтисоси «физикаи молекулӣ» хатм намуд ва ҳамон сол дар Инситути физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ ба кор оғоз кард. Пасон, ба сифати тадқиқотчӣ ба Институти физикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петергбург фиристода мешавад. Ҳангоми таҳсил усулҳои нави тадқиқро омўхта, ҳамеша пайи кашфиёти нав саъю кўшишҳо менамуд. Соли 1973 рисолаи номзадии хешро дар риштаи физикаи молекулӣ ҳимоя кард ва бо сари баланд ба Ватан баргашт. Аз соли 1973 то соли 1976 дар Инситути физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Б. Сабуровро соли 1976 дар кафедраи физикаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон ба кор даъват менамоянд. Пас аз чанд муддати фаъолият соли 1991 рисолаи доктории хешро дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳимоя намуда, аз соли 1992 дар вазифаи профессори кафедраи физикаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият кардааст. Солҳои 1996-2001 вазифаи мудирии кафедраи физикаи ин донишгоҳро бар уҳда дошт. Ў дар ин вазифаи басо сангину заҳматалаб тамоми неруи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро истифода бурда, дар пешрафту инкишофи базаи илмии кафедра саҳм гузошт ва дар тўли фаъолияти мондагор дар назди кафедраи мазкур озмоишгоҳҳо ва мактаби илмии худро ташкил намуд.

Профессор Б. Сабуров дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиаш зиёда аз 140 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои намоёни ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, ИМА, Полша, Эрон ва дигар кишварҳои олам ба нашр расондааст. Бо ҳамроҳии устодони кафедра барои донишҷўён ва довталабони макотиби олӣ 7 дастури методӣ навиштааст.  Олими номвар аъзои Шўрои махсусгардонидашуда доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди ДМТ, аъзои Шўрои илмии ДАТ ба номи Ш.Шотемур ва аъзои Шўрои координатсионии «Кристаллҳои моеъ» дар назди АИ Федератсияи Россия буд.

Шўрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ўро барои пазируфта шудан ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, вале умр ба устод бақо накард. 30-юми октябри соли 2001 дили ин олими муътабар, марди хирадманду донишвар, раҳнаварди роҳи илм ва равшанфикр аз тапидан бозмонд. Ў ҷисман рафта бошад ҳам, вале кору пайкор, меҳрубониҳо, қалби софу тинати покаш, суханҳои пурарзиши ў ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо нахоҳад рафт ва ҳамеша дар қалби наздикон, дўстону ҳамкасбон зинда боқӣ хоҳад монд.

Ман намегўям, ки ў аз дори дунё рафтааст,

Ҷои ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

М. Ҳодиев,

устоди ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш