Нашрияи Омӯзгор

Гиря

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Камол аз ҷангу ҷанҷоли аҳли хонавода, аввал аз кўдакон ва баъд аз келинҳо сахт ранҷид. Гуфтаи “Ҳар кас хонаву дари худро ёбад” ўро сахт хафа кард. Хун ба сараш зад, вале чӣ ҳам мегуфт?

Замоне, ки ўву бародаронаш хурд буданду дар оғўши волидон зиндагӣ мекарданд, ягон мушкил вуҷуд надошт. Ҳама ба ҳамдигар меҳрубон. Сари як дасторхон бо хандаву шодӣ нон мехўрданд. Падар ҳамаи онҳоро панду насиҳат мекард, ки бо ҳамдигар дўсту бародар бошанд. Эҳтироми ҳамдигаро ба ҷо оварда, ба ҳам муттако бошанд. Ҳавлии бобои Комил он замон хеле васеъ буд. Баъд бачаҳо калон шуданд. Бо кумаки падару модар соҳиби зану фарзанд шуданд. Ҳар кадоме дар як гўшаи замини падар хонае бунёд намуд. Фақат фарзанди хурдӣ Камол ҳанўз ба балоғат нарасида буд, ки волидон аз сар рафтанд. Фарзандон ҳар кадоме мустақил шуданд. Рўзҳои аввал аз байнашон мўй ҳам намегузашт. Баъд бо таъсири ҳамсарон атвори бародарон дигар шудан гирифт. Байнашон хусумат пайдо гашт. Камол ҳам бо як азоб баъд аз муҳоҷирати меҳнатии зиёд соҳиби андаке пулу мол гашта, зан гирифт, хонаи падарро макони зист қарор дод.

Дар як гўшаи ҳавлии мўйсафед, ки замоне хеле васеъ ва ҷойи сайругашту тамошои аҳли оила ба ҳисоб мерафт, як дарахти азими тут мавҷуд буд. Ҳар сол ҳосили фаровон мебаст. Ҳама якҷоя аз он мехўрданд ва ҳатто барои фасли зимистон захира ҳам мекарданд.

Рўзе ба Камол таҳдидкунон гуфтанд, ки хонаи падар харобу валангор ва фарсуда гаштааст. Аз ин рў, ту бояд хонаи худатро созӣ. Барояш қитъаяки замин низ ҷудо карданд. Он ҷо бошад, ҳамон дарахти тут реша давонда, барои сохтани хона халал мерасонд.

Аз дўғу пўписаи бародарон ва таънаву маломати янгаҳову ҷанҷоли байни кўдакон Камол сабру таҳаммулро аз даст дод.

Ғайриихтиёр табарро ба даст гирифту бо як азобе болои дарахти тут баромад. Дарахт хеле пир ва ғафсу бузургҷусса буд. Аз нақли падар, он нишонае аз бобою бобокалонҳо ва ё чанд пушташон буд. Навдаеро интихоб кард. Байни навдаҳо пойи худро устувор намуд ва оғоз кард ба буридан. Қаҳру ғазабаш боло гирифта, дам нагирифта зарба мезад. Як, ду, се... Табари тез корашро мекард. Дарахти тут бениҳоят сахту устувор буд. Аммо аз зарбаи табари тезу вазнин пўсту танаи он пора - пора шуда, ба замин мерехт. Нисфи онро бурида буд, ки ҳодисаи аҷиберо дид. Аз ҷойи захмхўрда, аз зери пўсту навдаи тут мисли шир моеи  сафеде ҷўшида баромад. Камол инро дида, ба ҳайрат афтод ва аз кор монд. Шири сафед ҷўшида баромаду боз ҳамон лаҳза, дар як мижжа задан нопадид гашт. Ба замин начакид. Ин ҳолат Камолро боз ҳам мутаҳайиртар сохт. Чӣ буд он, шир ё хуни дарахт?

Банди ҳамин андеша ҳикояти боре аз падараш шунида ба хотираш омад. Он вақт ў ҳамагӣ шонздаҳ сол дошт. Зери ҳамин дарахти солор бо қиблагоҳ нишаста тановул доштанд. Моҳи июн буд. Гоҳ-гоҳе болои дастархон донаҳои тути бедона меафтоду падару писар бо навбат онҳоро чида ба даҳон меандохтанд. Дарахт тақрибан чор сотих заминро фаро мегирифт. Ана, ҳамон рўз падар нақли аҷибе кард:

-Ин дарахти тут таърихи дусадсола ва ё аз он зиёдтар дорад. Нишона аз бобокалонҳоямон. Замоне галаи аспу рамаи гўсфандон мавсими тобистон дар таги ҳамин тут аз нурҳои офтоби сўзон паноҳ мебурданд. Ҷойи зисту роҳати чўпонон ҳам буд. Баъд, солҳои инқилоб, дастаҳои аскарони рус дар зери ҳамин дарахт хайма зада, ин мавзеъро ҳамчун ситод истифода бурдаанд. Замони бозсозӣ бошад, зери ин дарахти азим ҷойи истироҳат ва дамгирии колхозчиён будааст. Ривояте ҳаст, ки боре тўфони сахт мешаваду яке аз навдаҳои ғафси тут шикаста, ба замин меафтад. Устои чўбтароше омада, онро киро карда, бурда, аз он чандин дутору чумча месозад. То рўзҳои наздик садои дуторҳои сохтаи усто ширин – ширин ба гўш мерасид.

Ниҳоят, солҳои қаҳтии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ меваи ин дарахт наҷотбахши аҳли деҳа мегардад. Мардум меваи онро ба ҷойи нон истифода мебурданд. Аз моҳи май то моҳи июл, яъне то пухтани ғалладона, тути хонаи мўйсафеди Комил – падари Камол нони даҳони одамон будааст. Аҳли деҳаро аз гуруснагӣ ва марг наҷот бахшидааст...

Камол ба андеша рафт. Дарахте, ки нишона аз ворисон аст, ин қадар хизматҳо намудааст, месазад, ки онро барои нотифоқии як оила нобуд созад? Албатта, не! Дарахти тут ҳам ёдгорие аз гузаштагон аст. Рўзе боз ба кор меояд...

Камил табарро ба поён ҳаво дод ва хаставу хомўш аз болои тут фаромад...

 

Саидмурод Искандарӣ,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш